Президенти Амрико Доналд Трамп аз бенатиҷа анҷом ёфтани музокирот бо Эрон ба ғазаб омада, таҳдид кардааст, ки гулӯгоҳи Ҳурмузро ба муҳосира мегирад.
Ҳукуматдорони Эрон мегӯянд, ки наздик шудани нерӯҳои низомии Амрико ба гулӯгоҳи Ҳурмуз аллакай нақзи оташбас аст ва онҳо ба бархӯрди сахти ҷавобӣ дучор хоҳанд гашт.
Трамп дар саҳифаи “Truth Social” навиштааст, ки аллакай ба нерӯҳои дарёии Амрико дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Президенти Амрико мегӯяд, нерӯҳои баҳрии кишвараш тамоми киштиҳоеро, ки кӯшиши ворид шудан ба гулӯгоҳи Ҳурмузро мекунанд ё мехоҳанд аз он хориҷ шаванд, муҳосира хоҳад кард.
“Минаҳоеро, ки Эрон дар гулӯгоҳи Ҳурмуз гузоштааст, несту нобуд мекунем. Ҳар эроние, ки ба мо тир холӣ мекунад, ба ҷаҳаннам хоҳад рафт”,- таҳдид кардааст Трамп ва афзудааст, ки НАТО дар “поксозӣ”-и гулӯгоҳ кумак хоҳад кард.
Ба қавли фармондеҳи марказии Амрико муҳосираи дарёии гулӯгоҳи Ҳурмуз рӯзи 13-уми апрел, соати 10:00 ба вақти маҳаллӣ оғоз меёбад, ки ба соати 17:30 ба вақти Теҳрон ва 19:00 ба вақти Душанбе рост меояд. Киштиҳои тамоми кишварҳое, ки ба гулӯгоҳ ворид ё аз он хориҷ шудан мехоҳанд, муҳосира карда мешаванд.
Ин тасмим ба киштиҳои аз бандарҳо ва минтақаҳои соҳилии Эрон, аз ҷумла тамоми бандарҳои Эрон дар Халиҷи Форс ва дарёи Уммон ворид ва хориҷшаванда дахл дорад.