1xbet
Амрико баррасии манъи сафар барои шаҳрвандони 36 кишварро шуруъ кард
169

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико эҳтимол сафар ба хоки худ барои шаҳрвандони 36 кишвари дунёро манъ мекунад. Дар ин рӯйхат, ки аз сӯйи нашрияи амрикоии The Washington Post бо истинод ба як санади хидматии Департаменти давлатии ИМА нашр шудааст, номи як кишвари Осиёи Марказӣ - Қирғизистон низ зикр шудааст.

Дар асоси ҳуҷҷати мазкур, ба намояндагиҳои дипломатии Амрико дар хориҷа дастур дода шудааст, то ин кишварҳо дар зарфи 60 рӯз тадобири лозимро барои риояи талаботи Вашингтон рӯйи даст гиранд. Гузинаи аввалини нақшаи амал бояд то соати 8:00-и субҳи чоршанбе, 18-уми июн пешниҳод шавад.

Ба иттилои манбаъ, ин иқдом дар чорчӯби сиёсати муҳоҷиратии сахтгиронаи маъмурияти Доналд Трамп сурат мегирад. Қаблан дар аввали моҳи июн, президенти собиқи Амрико вуруди шаҳрвандони 12 кишвар, аз ҷумла Афғонистон, Эрон, Сомали, Либия ва Яманро пурра манъ карда буд. Ҳамзамон, маҳдудиятҳои ҷиддие барои 7 кишвари дигар, аз ҷумла Венесуэла ва Туркманистон ҷорӣ шуданд.

Дар феҳристи нави таҳти таҳқиқ қарордошта 25 кишвари африқоӣ, кишварҳое аз Ҳавзаи Кариб ва Уқёнуси Ором ва танҳо як кишвари Осиёи Марказӣ - Қирғизистон номбар шудаанд.

Тибқи маълумоти расмии ҳуҷҷат, сабабҳои асосии баррасии ин манъи эҳтимолӣ чунинанд:

- Набудани мақомоти боэътимоди масъули додани ҳуҷҷатҳои сафар;

- Сабти зиёди ҳолатҳои қаллобӣ бо шиносномаҳо;

- Нодида гирифтани муҳлатҳои будубош дар ИМА аз ҷониби шаҳрвандони ин кишварҳо.

Бо вуҷуди ин, барои баъзе гурӯҳҳои шаҳрвандон истисноҳо пешбинӣ шудаанд:

- Варзишгарони ширкаткунанда дар мусобиқаҳои байналмилалӣ;

- Дорандагони раводидҳои махсуси муҳоҷират, бахусус барои ақаллиятҳои динию қавмӣ;

- Шаҳрвандони дугона (агар шаҳрвандии дуюм аз кишварҳои манъшуда набошад);

- Дорандагони мақоми истиқомати доимии қонунӣ дар ИМА.

Таҳлилгарон ин иқдомро қадами наве дар самти маҳдуд кардани муҳоҷират ба ИМА медонанд, ки метавонад ба муносибатҳои дипломатӣ бо кишварҳои мазкур таъсири ҷиддӣ расонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД