Commerc banl
Амрико барои маълумот дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва мақомдорони Эрон 10 миллион доллар ҷоиза ваъда кардааст
312

Вазорати корҳои хориҷии Амрико рӯзи 13-уми март барои пешниҳоди маълумоти дақиқ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ, писари Алии Хоманаӣ, собиқ раҳбари олии Эрон дар ҳаҷми 10 миллион доллар ҷоиза таъин намудааст.

Дар феҳрист ҳамзамон номи боз 10 нафар мақомдорони Эрон, аз ҷумла дабири Шурои амнияти миллӣ Алии Лориҷонӣ, вазири корҳои дохилии ин кишвар Искандар Муъминӣ, вазири иттилоот Исмоил Хатиб ва мушовири низомии раҳбари собиқи Эрон Яҳё Раҳим Сафавӣ зикр шудааст.

Ҷониби Амрико дар баробари Муҷтабо Хоманаӣ дар бораи мақомдорони исмашон зикршуда низ бо далели роҳбарӣ намудани эшон ба Сипоҳи посдорони Эрон маълумот ҷустуҷӯ мекунад.

Амрико Сипоҳи посдорони Эронро ба барномарезӣ намудан ва анҷом додани амалҳои террористӣ дар саросари ҷаҳон муттаҳам медонад. Ин дар ҳолест, ки Эрон худи Амрикоро “ҳомии терроризм” хондааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД