“Ба нафаре, ки буриши қайсарӣ гузаронда мешавад, дар кассаи таваллудхона 475 сомонӣ супорида, ҳуҷҷати тасдиқкунандаро гирад, ягон нафар ҳуқуқ надорад ягон маблағ талаб кунад. Ҳар як шаҳрванд бояд донад, ки хизматрасониҳо дар таваллудхона ройгон аст ва ҳар як шаҳрванд бояд ҳуқуқи худро донад ва талаб кунад”.
Ҷамоллидин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ вобаста ба мушкилии ҷойдошта дар таваллудхонаҳо ва арзиши буриши қайсарӣ изҳор намуда, қайд кард, ки дар Қарори 600 ҳукумати ҶТ ба ин навъи хизматрасонии тиббӣ омада буд ва онро мо ворид намуда, ба амал баровардем.
“Аз таҷрибаи худам мегӯям, ки ҳар вақте буриши қайсарӣ гузаронида мешуд, пайвандони ҳамон зан ҳамчун ҳадя ба духтурон медоданд. Яке аз сабабҳои ба роҳ мондани пардохти ин хизматрасонӣ коҳиш додани шумораи буриши қайсарӣ мебошад, ки пештар хеле зиёд буд. Аз рӯи оморҳо гуфта метавонам, ки пас аз ворид кардани ин банд шумораи буриши қайсарӣ кам шудааст, ки ин хуб аст.”
Норозигии сокинон аз сатҳи хизматрасонӣ дар таваллудхонаҳои кишвар ва “таъмаҷӯи”-и кормандони ин ниҳод дар шабакаҳои иҷтимоӣ зуд-зуд баҳси зиёдеро ба миён меорад ва аксаран аз масрафи маблағҳои зиёд ошкоро менависанд. Айнан дар ҳамин нуқта вазири соҳа қайд кард, ки дар ҳама муассисаҳои тандурстӣ, аз ҷумла, дар таваллудхонаҳо афзуд, ки барои аз байн бурдани нофаҳмиҳо телефонҳои боварии маъмурияти муассисаи тандурустӣ нишон дода шудааст, дар сурати ба мушкилӣ ё нофаҳмӣ рӯ ба рӯ шудан, тамо гиранд ва дар ҷои мушкилӣ онро ҳал менамоянд.
Дар кишвар 5116 муассисаҳои тандурустӣ фаъолият мекунад, ки аз ин 2982 муассисаи аввалияи тиббӣ, 375беморхона, 635 марказҳои махсусгардонидашуда, 769 муассисаҳои хусусӣ фаъолият мекунад.