arzon replenishment
АММАДУХТАРИ ШАВҲАРДУЗД (ҚИСМИ 4)
4441

 ИДОМААШ...


Дилам сиёҳӣ дошт ва фикрҳои мағшуше ба сарам меомаданд.

Шабҳои дароз хобам намебурду  бетоқат будам ва чандин маротиба назди шавҳарам рафта, ӯро моили худ кардан хостам. Вале ӯ маро ҳатто шунидан намехост. Ниҳоят шавҳарам аз хона баромада рафт. Ӯ маро бо чор фарзандам тарк гуфт. Зеро чунин зиндагии нафратбор ба ҷонаш расида буд. Марди дигар мебуд маро сар мезад. Намедонам ба кадом шаҳр баромада рафт.

Ба ӯ ҳар гоҳе занг зада, аз ҳолаш пурсон мешудам. Як рӯз занг задаму аз ӯ ҷавобе нашуд. Рӯзи дигар ба ҷойи  Илҳом каси дигар  гӯшаки телефони ӯро бардошту гуфт, ки Илҳом дигар нест, ӯ бирафт.

Ман бошам, муддати чанд рӯз мотам доштам. Дарро аз дарун мебастаму хомӯшу бесадо мегиристам. Охир, анҷоми умрам ба танҳоӣ гузашт. Кошки дуюмбора шавҳар намекардам ва дар хонаам тоқат карда менишастам. Ман бояд илоҷе дарёбам, ки номи фарзандонам доғдор нагардад. Ин андешаҳо маро ба хонаи хобам бурданд. Дар он ҷо шишаи сиркоро чанд рӯз боз пинҳон  медоштам. Бори охирин ба хонаи хоби духтарон ва писаронам даромадаму бо онҳо хаёлан видоъ гуфтам. Ман барои худ ҳукм бароварда будам. Яъне, ин олами бевафоро падруд мегӯяму касе аз дардам огоҳ намешавад. Хайрият сиркои холис надоштаем. Вагарна ҳоло мардум омодаи ба қабристон бурданам буданд.

Хулоса, дар охир фаҳмидам, ки духтари аммаам сари шавҳарамро тоб дода, шавҳарам ӯро ба занӣ гирифтааст. Хонандагони азиз! Ба ман маслиҳат диҳед,ки чӣ кор кунам?

АНҶОМАШ...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД