arzon replenishment
Амма ҷиянҳояшро зиндаятим карданист
23.08.2023
ОИЛА
1363

Салом! Ман, як зани деҳотии дар нимароҳи зиндагӣ зору ҳайрон монда мехоҳам аз шумо маслиҳат бипурсам.
Шавҳарам дар Русия дар муҳоҷири меҳнатӣ аст.

Дар як сол танҳо як маротиба ба назди ману фарзандонаш меояд. Пештар меҳрубон буд, вале баъди бӯйи пул ба димоғаш расидан масту мағруру ҳавобаланд шудааст.

Метарсам, ки шавҳарам серпул шуда, ману бачаҳоямро тамоман фаромӯш мекунад. Ду-се бор занг зада “дадаҷонаш, пул фиристед, барои бачаҳо хӯрокворӣ ва сару либоси гарм харам” гуфтаму дар бало гирифтор шудам. “Бачаҳоят магар балохӯранд, ки пули фиристодаамро ду моҳ нашуда тамом мекунӣ.

Дар ин ҷо дарахти пул намерӯяд, ки ман ҳар рӯз баргҳояшро чида ба шумоён фиристам” гӯён, шавҳарам қиёматро қоим кард. Телефонро хомӯш карда, шаб то саҳар гиристам. Аламам меомад, ки шавҳарам барои бачаҳои худаш пулро дареғ медорад. Дар хонаамон ягон хӯрданӣ намонда буд, маҷбур шудам, ки барои харидани орду равған ва пиёзу картошка аз ҳамсоя пул қарз гирам. Бо чашмони гиряолуд нав аз бозор баргашта будам, ки шавҳарам занг зад. Гумон кардам, ки аз суханҳои шаб гуфтааш пушаймон шуда пул фиристодааст, вале хаёлам хом баромад.

Мардакам саломро ҳам нася гузошта, ба дӯғу пӯписа гузашт. “Бо баҳонаи орду равған бозор ба бозор гашта кавалер мекобӣ ?!”- гуфтани шавҳарам мисли корд ба дилам халид. Ҳарчанд қасам хӯрдам, ба гапам бовар накарда “дигар барои ту ва сагбачаҳоят як пули пучак ҳам намефиристам” гӯён, телефонашро хомӯш кард. Медонам, ки хоҳараш шавҳарамро алов мондааст.

Қайсингилам мехоҳад ману кӯдаконамро аз дар берун карда, хонаро соҳиб шавад. Шавҳарам аз макри хоҳараш бехабар аст ва ба туҳмати вай бовар карда, ба решаи зиндагиамон теша заданист. Хоҳаршӯям аллакай дар маҳалла овоза кардааст, ки бародараш аз баҳри ман гузашта, зани дигар гирифтааст.

Касе нест, ки падари бачаҳоямро аз мақсади нопоки хоҳараш огоҳ намояд, аз ҳамин хотир дарди диламро навиштам, то аз шумо-хонандагони зиндагидидаи сомонаи оила. Тч маслиҳат бипурсам.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Сайфура Назарова-омӯзгор! 2023-08-23, 20:37
Маслихатхо чоп намешаванд, чун киссахо сохтаву бофтаи кормандони бесулукайи Оила мебошанд. Дуруг мегуянд боз мехоханд, ки ба дуругхошон мардум бовар кунаду маслихат диханд. Маслихат дихи чоп намекунанд. Хат ғалат, имло ғалат, савдо ғалат! Ҷои ин мухбираҳои бекорчии Оила ягон адирба таппак задану пушти ягон даҳмардая молиш додану массаж кардан аст, на воситаҳои ахбору хабарнигорӣ. Ана ин маслиҳати хуба аз ман шунаведу кафшҳотона гирифта сӯи адир давед, ки аз даҳмарда , ҷурғоту қаймоқу қурут ҳам намонед. Танбалҳои дурӯғчиҳои ландаҳур!!!
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД