Владимир Ҷабборов, раиси Шурои Федератсияи Россия оид ба ҳифзи истиқлолияти давлатӣ аз ҳамлаҳои Амрико ба Эрон изҳори нигаронӣ намуда, гуфтааст, ки ин моҷарои низомӣ метавонад боиси оғоз ёфтани ҷанги сеюми ҷаҳон гардад.
“Умедворам, ки амрикоиҳо вориди Эрон намешаванд ва ба чораҳои қатъие ба мисли партофтани бомба ё зарбаҳои мушакӣ намегузаранд, зеро ин роҳи хатарнокест, ки боиси оғоз ёфтани ҷанги сеюми ҷаҳон гашта метавонад”,- гуфтааст Ҷабборов зимни суҳбат бо хабарнигорон.
Ба гуфтаи вай, вақте ки ИМА президенти Венесуэлларо рабуд, ин чиз буд, аммо қазияи Эрон тамоман дигар аст ва гап дар бораи давлати бузурге меравад, ки 80 миллион аҳолӣ дошта, бо беҳтарин силоҳҳои замонавӣ мусаллаҳ мебошад.
"Эрониён мардуми далеру шуҷоъ ҳастанд. Онҳо таърихи бою ғанӣ доранд ва медонанд, ки чӣ гуна аз худ дифоъ намуда, ватанашонро муҳофизат намоянд”,- гуфтааст раиси Шурои Федератсияи Россия оид ба ҳифзи истиқлолияти давлатӣ Владимир Ҷабборов.
Сиёсатмадор таъкид намудааст, ки дар атрофи ин кишар давлатҳои зиёди дигаре ҳастанд, ки метавонанд зарар бинанд, аз ҷумла худи Исроил ва ҷаҳони араб. Эрон таҳдид кардааст, ки дар сурати зарурат гулӯгоҳи Ҳурмузро мебандад, яъне тиҷорати нафт халалдор мешавад.
Сиёсатмадор аз он нигаронӣ намудааст, ки моҷарои низомии Амрико бо Эрон як мушкили ногузир барои тамоми ҷаҳон гашта, метавонад ба фалокати ҳастаӣ бурда расонад.