Муҳаммад Амир Ҳусейн Хон, ҳунарманди 56-солаи ҳинд ва яке аз маъруфтарин чеҳраҳои Болливуд, аз зани дуюмаш низ ҷудо шудааст.
Ҳамсари дуюми ҳунарманд, Киран Раои 47-сола, коргардони соҳаи синамо мебошад. “Баъди 15 соли зиндагии муштарак, санаи 3-юми июл ҷуфти ҳунарманд ба қароре омаданд, ки аз ҳамдигар ҷудо мешаванд, вале баъди ҷудошавӣ низ, чун солҳои қабл дӯсту ҳамкор боқӣ хоҳанд монд”,-навиштааст хабаргузории “ZEE-TV”. Худи ҳунарманд низ бо нашри акси худу ҳамсараш хабари мазкурро тасдиқ кардааст. Ҳамчунин, Амир ва Киран ба ҳамдигар қавл додаанд, ки писарашон Азадро ҳамроҳ бузург мекунанд ва дар тарбияи ӯ саҳм мегузоранд. Амир Хон бо Киран Рао соли 2005 издивоҷ карда буд. Соли 2011 модари сунъӣ барои ҷуфти ҳунарманд писарашон Азадро ҳадя кард. Амир Хон бори аввал соли 1986 бо Рина Дутта, продюсери 52-солаи ҳинд, оиладор шуда, соли 2002, баъди 16 соли зиндагии якҷоя аз Рина ҷудо шуд. Писараш Ҷунайд (1993) ва духтараш Айра (1998) аз ҳамсари якумаш ба дунё омадаанд. Амир Хон яке аз ҳунармандон ва коргардонҳои машҳури ҳинд буда, дар беш аз 50 филм нақшҳои гуногундараҷа бозидаву чандин филмҳои дигарро коргардониву продюсерӣ кардааст.