Як писарчаи 6-сола бо номи Аминҷон дар шаҳри Душанбе гум шуда, волидону пайвандонаш чанд рӯз боз ин кӯдаки хурдсолро ҷустуҷӯ доранд.
Азбаски ин шабу рӯзҳо ҳаво бениҳоят гарм аст, одамон ба хотири фароғату дамгирӣ ҳамроҳи фарзандонашон ба соҳиби рӯду дарёҳо ва ҷойҳои махсуси оббозӣ мераванд, то каме бошад ҳам, салқин шаванд. Аминҷони 6-соларо низ падараш рӯзи 11-июл ҳамроҳаш ба аквапарки “Обшорон” овардааст.
Падару писар баъди оббозию фароғат дар “Обшорон” ба берун мебароянд, вале баъди чанд лаҳза падараш мебинад, ки писарак ғайб задааст. Тамоми ин мавзеъро гашта бошад ҳам, талошҳои падар барои пайдо кардани писараш натиҷаи дилхоҳ надодаанд.
Инак, рӯзи панҷум аст, ки наздиконаш Аминҷони 6-соларо ҷустуҷӯ доранд. Рӯзи гум шуданаш Аминҷон дар танаш футболкаи беостину шими рангаш тира ва дар сар кӯлоҳи тираранг доштааст.
Шахсоне, ки Аминҷонро дар ягон ҷо дидаанд ё дар борааш маълумоте доранд, фавран ба наздиктарин шӯъбаи корҳои дохилӣ хабар диҳанд.
Ёдрас мешавем, ки вақтҳои охир ҳодисаҳои гум шудани кӯдакон рӯ ба афзоиш ниҳодаанд. Ҳафтаи гузашта Вазорати корҳои дохилии кишвар аз боздошти як мард бо гумони одамрабоӣ хабар дода буд. Боздоштшуда тибқи супориши дигарон як кӯдаки хурдсолро дуздидааст, вале хушбахтона дар маҳаллаи Саховати пойтахт кормандони мақомоти милитсия кӯдакдуздро дастгир карданд