Аминҷон Раҳматзода, хабарнигори шаҳрвандии Медиа - холдинги “Оила”аз ҷониби коршиносони созмони байналхалқии “Итернюс” барандаи ҷоизаи “Беҳтарин журналисти шаҳрвандӣ” дар соли 2020 эълон шуд.
Аминҷон Раҳматзода 9 феврали соли 2000 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Соли 2018 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 - и шаҳри Кӯлобро хатм карда, тавассути Маркази миллии тестӣ а риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шудааст. Аминҷон ҳамагӣ 20 сол дорад, вале аллакай дар ҷомеаи журналистони ҷавон маъруф аст. Вай мехоҳад дар оянда журналисти муваффақ шуда, дар рушди ВАО – и тоҷик саҳмгузор бошад.
Медиа – холдинги “Оила” рӯзи 1 марти соли ҷорӣ барои баланд бардоштани муҳтавои медиаи ватанӣ ва рушди журналистикаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон миёни ҷавонони аз 20 то 35 – сола озмун эълон карда буд.
Ҳадафи озмуни баланд бардоштани дониши онҳо ва дар ин замина омода намудани мутахассисони соҳаи журналистика аст. Роҳҳои дарёфти иттилоъ, навиштани мавод, аксгирӣ ва наворбардорӣ, таҳияи барномаву гузоришҳои зебо ва омода кардани матолиби хонданиро роҳбари лоиҳа аз ҳисоби Медиа - холдинги “Оила” муҳаррири сомона Мирсаид Сатториён омӯзонид.
Ӯ дар ин озмун шаҳри Кӯлобро намояндагӣ мекард. Аминҷон давоми ҳамкорӣ бо “Оила” тавонист, ки беҳтарин матлабҳоро иншо карда, дар миёни мухлисону хонандагон ҳаводорони зиёдеро пайдо кунад. Матлабҳои ӯ баҳсҳои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор меовард. Миқдори камтарини хонандагони матолиби ӯ ҳудуди 10 000 нафарро ташки медиҳад. Қалами содда, равон ва диди вижа дорад.
Лоиҳа рӯзи 14 сентябр ҷамбаст гардид ва аз миёни 100 нафар довталабон аз Осёи Миёна 10 нафар барандаи ҷоизаи “Беҳтарин журналисти шаҳрвандӣ” шуданд. Ҷойи якум насиби Светлана Крутоус аз Оҷонсии иттилоотии “Петропавловск.news” (Қазоқистон), Полуянов Евгений Петрович мухбири рӯзномаи вилояти Костанайский - «Наша Газета» (Қазоқистон) сазовори ҷойи дуюм ва Аминҷон Раҳматзода, мухбири Медиа – холдинги “Оила” (Тоҷикистон) сазовори ҷойи сеюм шуд. Мавқеъҳои боқимондаро Олга Пак аз сомонаи “NewTimes.kz” (Қазоқистон), Ҷамшед Ҳусайнов аз Оҷонсии иттилоотии “Asia-Plus” (Тоҷикистон), Рустамбек Ахмедов аз Радиои «Пайванд» (Тоҷикистон), Роллан Машпиевм аз Иттифоқи блогерони сомонаи semeyainasy.kz (Қазоқистон), Айгул Саимова аз сомонаиTilshi.kz (Қазоқистон), Аитова Наталя Амировна аз сомонаи sotreport.kz (Қазоқистон), Фитрати Хикмат аз Оҷонсии иттилоотии «Суғднюс» (Тоҷикистон) соҳиб шуданд.
Ҳайати эҷодӣ ва кулли кормандони Медиа - холдинги “Оила” Аминҷон Раҳматзодаро барои ғолибият ва сазовор шудан ба ҷоизаи “Беҳтарин журналисти шаҳрвандӣ” муборакбод мегӯем! Дар ин самт ва роҳи пешгирифтааш ба ӯ барор хоҳонем!