Имрӯз як духтари 15-сола дар шаҳри Ҳисор дар дарё ғарқ шудааст. Ҳодиса тахминан соатҳои 16 рӯй дода, духтарак ба хотири наҷоти бародаронаш худро ба дарёи Хонақоҳ партофтааст.
Як сокини шаҳри Ҳисор бо шарти ифшо накардани ному насабаш ба хабарнигорони сомонаи Оила. ТЧ дар бораи ин ҳодисаи нохуш хабар дода, гуфт:
“Амина, ки дар синфи 8 мехонад, аз хонаи худашон, ки дар деҳаи Гачак воқеъ гаштааст, ҳамроҳи ду додарчааш ба хонаи бобою бибиаш ба деҳаи Навобод меҳмонӣ рафтааст".
Ҳангоми бозгашт бародаронаш ба дарё меафтанд ва Амина барои наҷот додани додарчаҳояш худро ба дарё меандозад. Ба духтарак муяссар гаштааст, ки додарчаҳояшро аз об барорад, вале худаш аз об баромада натавонисат ғарқ мешавад...”
Ба гуфти ин сокини шаҳри Ҳисор қариб ду соат боз аҳли маҳалла дар ҷустуҷӯйи Амина ҳастанд, вале то ҳол ӯро пайдо накардаанд ва мурда ё зинда будани ин духтараки фидокор маълум нест.