Sebiston new 2024 october
Ҳамдардии ҳунарманд ба оилаи фавтидагони садама
1162

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Афзалшо Шодиев ба хотири ҳамдардӣ ба мардуми шаҳри Кӯлоб таронаеро бо сабки ҳазин ва садои ҷонгудоз зам-зама кард.

Ҳунарманд шеъри шоири ҷавон Синои Абӯалиро ба оҳанг дароварда, бо садои зинда сароидааст. Тарона сартопо дарду алам буда, дар сӯги фавтидагони садааи мудҳиши шаҳри Кӯлоб ва захмиёни ин фоҷиаи пурқурбонӣ мебошад.

Дар тарона гуфта шудааст, ки ҳамон шаб ба чашми касе аз аҳли кишвар хоб наомад ва ҳатто осмон ба ҳоли зори сокинон ин шаҳзри бостонӣ талх гиристу ҳар лаҳза ба гӯш фиғони модари Кӯлоб омад.

“Аламбор ин дамат, Кӯлоб, Кӯлоб,

Шарикам бар ғамат, Кӯлоб, Кӯлоб.

Дили пиру ҷавон абгор гардид,

Зи сӯзи мотамат, Кӯлоб, Кӯлоб”.

Ёдовар мешавем, ки шоми 6 август, соати 19:30 дақиқа, воситаи нақлиёти тамғаи “Дулан”, дорои ядак (прицеп) рақами қайди давлатиаш 538 ZН 01, мутааллиқ ба ҶДММ «Кафолат Воридоту Содирот» дар шоҳроҳи «Душанбе-Кулоб-Хоруғ» ба садама дучор шуд.

Вазорати корҳои дохилӣ он замон гуфта буд, ки дар километри якум дар ҳудуди кӯчаи Ҷумъа Алии шаҳри Кулоб дар назди бозори «Сомониён», бинобар сабаби аз кор баромадани тормози воситаи нақлиёт, пайдо гардидани носозии техникӣ ва аз уҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромадани ронанда ба садама дучор гаштаааст.

Ба иттилои манбаъ, дулан якчанд воситаҳои нақлиётро пахш намуда, вориди ду манзили зисти шаҳрвандон гашта, дар натиҷа зарари ҷонӣ ва молӣ ба қайд гирифта шудааст.

Хабарнигорони сомона ба ҷойи ҳодиса рафта, огоҳ шуданд, ки дар ин ду манзил як рӯз қабл аз садама тӯйи арӯсӣ буд ва ҳодиса баъди анҷоми тӯй сурат гирифтааст. Нақлиёт хонаи мазкурро пурра чаппа гардонидааст.

Тибқи омори расмӣ дар натиҷаи садмаи мазкур 11 нафар ба ҳалокат расидаааст, ки аз ин 8 нафар дар ҷойи ҳодиса ва 3 нафари дигар дар беморхона вафот карданд. Ҳамчунин, 13 нафари дигар захмҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шуда, 3 нафар аз беморхона ҷавоб дода шудааст, - хабар доданд ба “Oila” дар Беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб.

Манбаъҳои мо дар шаҳри Кӯлоб гуфтанд, нақлиёти мазкур ҳангоми омадан аз самти ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ронанда дар ҳудуди деҳаи Тебалайи ноҳияи Муъминобод мефаҳмад, ки тормози мошинаш кор намекунад. Суръати ронандаш ниҳоят баланд будааст. Вақте ба назди бозори "Сомониён" мерасад, ӯ идораро аз даст дода, воситаҳои нақлиёту одамонро пахш мекунанд.

Исми чанд қурбонӣ дастраси "Oila" шуд, ки манобеи мухталифи мо онҳоро пурра тасдиқ карданд.

Бояд гуфт, ки садамаи мазкур мудҳиш ва пурқурбонӣ буда, хисороти калони ҷонию молӣ ба бор овард. Вобаста ба ин ҳодиса аз ҷониби Прокуратураи генералии кишвар парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҳамзамон, бо супориши Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои дохилӣ, Вазири тандурустӣ, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, Раиси вилояти Хатлон ва дигар масъулин ба ҷойи ҳодиса рафтанд.

Дирӯз раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода низ дар ҳузури мухбирони сомона захмиёнро зиёрат кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД