arzon replenishment
Ҳамдардии Рустами Эмомалӣ дар робита ба даргузашти Асланшоҳ Раҳматуллоев
28.04.2025
Oila.tj
470

Раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ба хонавода ва наздикони Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Асланшоҳ Раҳматуллоев изҳори ҳамдардӣ кардааст.

«Дар робита ба даргузашти Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Асланшоҳ Раҳматуллоев ҳамдардии самимӣ изҳор намуда, ба аҳли оила ва наздикони ӯ сабри ҷамил хоҳонам»,- омадааст дар хабар.

Асланшоҳ Раҳматуллоев дар синни 72-солагӣ даргузашт. Саҳми ӯ дар фарҳанги кишвар дар ёди наслҳои зиёд боқӣ хоҳад монд.

Гуфта мешавад, ки ҷанозаи ҳунарпешаи шинохта қарор аст соати 10:00 дар масҷиди ҷомеъи ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа дар шаҳри Душанбе баргузор гардад ва ҷасадашро дар оромгоҳи "Лучоб" дафн намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД