Бо истифода аз дастгоҳи Ай Макс (Eye Max) бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ аз ҷониби табибони тоҷик ташхис ва амалиёти ҷарроҳӣ дар талхадон ва роҳҳои талхагузар бо усули эндоскопӣ бе буриш аз даҳон гузаронида шуд.
Табибони Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо" бо истифода аз дастгоҳи муосири тиббӣ боз як ҷарроҳии нодирро бомуваффақият анҷом додаанд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, Сорбон Мусоев, мудири шуъбаи ташхису табобати маркази номбурда, ки ҷарроҳии мазкурро гузаронидааст, иброз доштааст, ки чунин усули ҷарроҳӣ бо истифода аз дастгоҳи нодири Ай Макс дар Тоҷикистон ва кишвраҳои Осиёи Марказӣ аввалин бор буда, қаблан чунин ҷарроҳиҳо бо усули кушода, яъне ба тариқи буриши зиёди ҷисми бемор анҷом дода мешуданд.
Ба иттилои номбурда, амалиёти нави ҷарроҳӣ зери назорати эндоскопия ва эндоскопи бориктарин, яъне Ай Макс, ки диаметраш 3 мм ва канали кориаш 1.2 мм мебошад, бомуваффақият гузаронида шудааст.