Arzon march 2024
ҲАМ АЗ БАҲРИ ПУЛ ГУЗАШТАМ, ҲАМ АЗ БАҲРИ ХОҲАРАТ, МИРЗО!
13.09.2020
Р. Азимӣ
4996


Ҳамсарам Шодия зани меҳрубон, худотарс ва зебову ҳунарманд буд. Мо ҳамдигарро дӯст медоштем ва дилу нияти ҷудо шудан надоштем, аммо бародари занам ба рӯйи бахтамон хати батлон кашида, оилаи ободамонро вайрону кӯдаконамонро зиндаятим гардонд.

Додарарӯсам Мирзо аз ман пули калон гирифта ба тиҷорати мошин машғул шуд, лекин кораш омад накарда, банкрот шуд. Ду сол тоқат карда, қарзамро талаб накардам. Мирзо ҳеҷ дар фикри бар гардонидани пул набуд. Илоҷи дигар наёфта чанд маротиба ҳамсарамро ба назди акааш фиристодам, то ин масъаларо ҳал карда биёяд. Ҳар дафъа “ҳозир пул надоштаанд, кадом вақте шавад, медиҳанд” баъди бозгашт бо сари хам хабар меовард Шодия. Ман қасди Мӯсоро аз Исо гирифта, занамро ранҷу азоб медодам. Билохира як рӯз тасодуфан дар кӯча бо Мирзо вохӯрдем. Пуламро талаб кардам. Ба ҷойи миннатдорӣ додарарӯси кӯрнамакам бо ман даст ба гиребон шуд. Ростӣ, дар сари қаҳр чи тавр “аз баҳри пул ҳам гузаштаму аз баҳри хоҳарат ҳам, талоқашро додам, метавонӣ худи ҳозир ӯро гирифта барӣ” гуфтанамро худам ҳам нафаҳмида мондам. Бародараш ҳамон замон мошин оварда чизу чораи хонаро бор кард ва зану фарзандонамро гирифта бурд. Танҳо пас аз он, ки хона холӣ шуд, ақлам ба сарам зада аз сухани ба забон овардаам сад бор пушаймон шудам, вале оби рехтаро дигар бардошта намешуд.

Бо рафтани зану бачаҳоям маънии зиндагиям гум шуда хона дар назарам зиндон гашт. Ҳар шом бо умед аз дар медаромадам, ки ҳозир бачаҳоям “дадаҷонам омад” гӯён ба пешвозам мебароянд, аммо ба хонаи холӣ даромада боз бо ҳақиқати талхи зиндагӣ рӯ ба рӯ мешудам.
Модарам баъди як соли ҷудоиямон маро дубора зан дод, то ғами дилам сабуктар шавад, аммо...

Гулшан маро дӯст медошт ва ҳамеша ҳурмату эҳтиромамро ба ҷо меовард, арӯси нав бошад, ким-чихел дилхунук ва ҳама рафтораш сохтакорона буд. Тоқат карда зиндагӣ мекардам, то мардум нагӯянд, ки ин бача занҷаллоб шудааст. Қасд кардагӣ барин, занам ҳеҷ ҳомиладор намешавад. Ба беморхона бурдам, духтурҳо гуфтанд, ки киста дорад.

Ҷарроҳӣ кардем. Аз рӯйи гуфти табибон баъди ҷарроҳӣ занам бояд ҳомиладор мешуд, лекин чор сол гузашту нахли умрамон ҳеҷ боровар нашуд, ки нашуд.

Имрӯз ба нохуни фарзанд зорам ва худ ба худ мегӯям: оҳи дили бачаҳоям маро гирифт!
Манучеҳр аз ш. Роғун

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД