arzon replenishment
ҶАЛОЛ-КОММЕРСАНТ ДУХТАРАМРО ДУЗДИДАНИСТ
22.11.2020
Р. Азимӣ
5117

 

Шавҳарам аз Ҷалолиддин ном фурӯшандаи бозори тахта қарздор аст. Духтарчаамон Моҳинисо ба бемории ҷигар гирифтор шуда буд, барои ҷарроҳии ӯ аз ин савдогар 15000 доллар гирифта, фарзандамонро табобат намудем.

Худованд ба духтарамон умри дубора бахшиду Моҳнисоҷони мо ба по хест, вале акнун мушкили дигар моро домангир шудааст. Ҷалоли коммерсант чанд бор барои пулаш омад, вале мо дар даст ин қадар маблағ надоштем. «Пулҳои ман намебуданд, духтари шумо кайҳо аз ин дунё мегузашт. Хоҳед, ки қарзҳоятонро бахшам, ба ҷойи пул Моҳнисоро ба ман диҳед. Ман ҳоло он қадар пир нестам, нав ба 45 даромадаам»,- ба духтараки 17- солаи мо чашм ало карда гуфтааст ба шавҳарам ин марди пулмаст. Падари Моҳнисо аз шунидани ин суханони заҳролуд ба ғазаб омада бошад ҳам, хотири некии кардааш ба Ҷалолиддин гапи сахт назада оромона фаҳмонд, ки ин хаёли хомро аз сараш дур кунад. «Камтар тоқат кунед, мо албатта пули шуморо бар мегардонем.

Тоқат надошта бошед, марҳамат хонаро гиред, вале духтарамро намедиҳам!»,- рост ба чашмони Ҷалолиддин нигариста бо оҳанги ҷиддӣ гуфт падари Моҳнисо. Гумон доштем, ки Ҷалолиддин аз гапи гуфтааш шарм дошта, баромада меравад, вале ин мард бисёр бе рӯй баромад. Вай ду пояшро дар як мӯза андохта гаштаву баргашта тӯтивор як гапро такрор мекард: «Хонаву дари шалақи шумо ба ман чӣ даркор?! Пуламро бар гардонед ё духтаратонро диҳед!» Дар дастамон як тини пучак ҳам надоштем, маҷбур шудем, ки доду фиғон бардошта, ӯро маҷбуран аз дарамон берун намоем.

Ҷалол пеш аз рафтан таҳдид намуд, ки агар қарзамро бар нагардонед, духтаратонро дуздида мебараму кори мекардаамро дар ҳаққаш карда, баъд оварда дар пушти даратон партофта меравам. Фишори хуни шавҳарам бо шунидани ин гап баланд шуда, якбора аз по афтид. Танҳо монда сарҳисоби корамро тамоман гум кардаам. Метарсам, ки ин марди пулмаст номуси духтарамро доғдор накунад. Аз тарс Моҳнисоро аз дар берун баромадан намемонам, вале охир вай сӯзан нест, ки як умр пинҳон карда гардам-ку!

Ягон додраси дигар наёфта маҷбур шудам, ки ба «Оила» муроҷиат намоям. Бошад, ки хонандагони саховатмандаш дар ин моҳи мавлуди пайғомбар барои савоб дасти моро гирифта, мушкиламонро осон намоянд.

Малоҳат Салимова, аз кӯчаи Айнии н., Ҳисор

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД