Sebiston new 2024 october
Ҷаҳли шавҳар боиси марги зан гашт
07.06.2024
ОИЛА
1017
no-img


Хушбахтии оила, ки сармояи ҳар як давлат ба шумор меравад, аз муттаҳидии аҳли хонавода вобастагӣ дошта, аз мардон нангу номус ва масъулиятшиносиро талаб мекунад, вале дар ҷомеъаи мо мардоне ҳастанд, ки пойбанди ҷаҳл гашта, ҳаёти наздиконашонро дар хатар мегузоранд.

Ҳаёти як оила, ки ба шумо нақл мегардад, бояд ба дигар мардон дарси ибрат шавад.

Носиров Шавкат Баходиржонович, таваллудаш 21 майи соли 1989, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷамоати шаҳраки Балх, кӯчаи Сари-роҳ, миллаташ ӯзбек, маълумоташ миёна, оиладор, муваққатан бекор, моҳи ноябри соли 2020 бо шаҳрванд Саидаи Саимуҳиддин, таваллудаш 17 апрели соли 1991, сокини ноҳияи Носири Хусрав, Ҷамоати деҳоти Истиқлол, деҳаи Муминобод тибқи расму оини мусулмонӣ оила барпо карда, аз зиндагии якҷоя соҳиби як фарзанд - Шаҳнозаи Саимуҳиддин, соли таваллудаш 29.11.2021 гаштаанд. 17 июли соли 2022, тахминан соатҳои 07:20 дақиқа Саидаи С. мубталои бемории шадиди меъдаву рӯда, камобии бадан дараҷаи 3-ум-В, бо оризаи норасогии кори дил ва рагҳои хунгард гардида, тариқи телефони мобилӣ ба шавҳараш Носиров Ш.Б. занг зада хоҳиш кардааст, ки ӯро барои табобат ба беморхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барад. Носиров Ш.Б., ки дар ҳамон вақт дар ноҳияи Ҷайҳун машғули ба фурӯш ва баровардани маҳсулот будааст, ҷавоби рад медиҳад. Ҳамон рӯз, тахминан соатҳои 07:20 Саида бо кумаки ҳамсоягонаш тавассути автомашинаи ёрии таъҷилӣ барои табобат ба беморхонаи марказии ноҳияи Балхӣ фиристода шудааст.

Шавҳараш Шавкат Носиров аз дар беморхона қарор доштани ҳамсараш бохабар гашта, соатҳои 10:00 аз ноҳияи Ҷайҳун ба беморхонаи марказии ноҳияи Балхӣ омада, мебинад, ки дар ҳақиқат ҳамсараш Саида бемор буда, духтурони навбатдори ёрии таъҷилӣ ба ӯ сӯзандорӯ гузаронида истодаанд. Вай занашро дашному ҳақоратҳои зиёде дода, бе иҷозати духтурони шуъбаи ёрии таъҷилӣ, дар ҳолати беморӣ ва барои ҳаёт ва саломатиаш хавфнок ба хонааш бурдааст ва зани маризро танҳо гузошта, ба ноҳияи Ҷайҳун рафтааст. Дар ин миён вазъи саломоатии Саида вазнинтар шуда, ба шавҳараш занг мезанад ва хоҳишу илтиҷо мекунад, ки ӯро ба беморхона фиристад, вале Шавкат боз ӯро дашному ҳақоратборон карда нагузоштааст, ки ба беморхона равад ва телефони мобилиашро хомӯш карда, дигар ба зангҳои ҳамсараш ҷавоб надодааст.

Зан маҷбур шудааст, ки ба бародараш Шарипов Юсуфҷон Саймуҳиддинович, ки дар ноҳияи Носири Хусрав умр ба сар мебурд, занг зада, аз бемории худ ва беэътиноии шавҳар шикоят намояд, ки ба суроғааш омада, ӯро ба беморхона барад. Бародараш хоҳиши ӯро рад накарда, ба суроғаи хоҳараш меояд, вале бемории Саида авҷ гирифта, тахминан соати 13:30 дар манзили истиқоматиаш ҷон додааст. Вобаста ба ин ҳолат, 3 ноябри соли 2022 аз тарафи прокуратураи ноҳияи Ҷ. Балхӣ нисбат ба Носиров Ш.Б. бо аломати моддаи 127 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд, вале Носиров ҷои будубошашро иваз намуда ба Федератсияи Россия фирор намуд. 28 декабри соли 2022 нисбат ба Носиров Ш.Б. ғоибона ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, бо қарори дахлдори суди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ чораи пешгирӣ дар намуди ғоибона ба ҳабс гирифтан ва кофтукови байналмилалӣ татбиқ карда шудааст.

30 августи соли 2023 Носиров Ш.Б. дар ҳудуди Федератсияи Россия аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқ дастгир гардида, 31 январи соли 2024 ба зодгоҳаш истирдод ва ба Изолятори нигоҳдории муваққатии ШВКД дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ворид карда шуд.

Баъди ба даст овардани далелҳои боэътимод пурсиши айбдоршаванда, намояндаи ҷабрдида, шоҳидон, рӯбарӯкуниҳо ва хулосаи коршиносон парвандаи ҷиноятии мазкур 9 феврали соли 2024 бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.

Бо ҳукми суди ноҳия аз 28 феврали соли 2024 Носиров Ш.Б. бо моддаи 127 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди 8 моҳ маҳрум намудан ааз озодӣ бо нигоҳ доштан дар муассисаи ислоҳии низомаш умумӣ таъин карда шуд.

Барои бархе мардон зан ҳамчун ғулом аст. Чун бемор шуд аз буданаш ҳазар намуда, роҳи халосиро меҷӯянд. Ғурури нозарури чунин афродро, ки нисбат ба зан нишон медиҳанд, қонун ҷавобгар менамояд ва марди беадолат ҷазои худро мегирад.


Раҳимзода Ҳ . Ҳ.
муфаттиши прокуратураи
н. Ҷалолиддини Балхӣ,
мушовири адлияи дараҷаи 3

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД