Sebiston new 2024 october
Ҷалби сармояи кувайтӣ ба соҳаи энергетикаи барқароршаванда зарур дониста шуд
22.08.2024
ОИЛА.ТҶ
656

Имрӯз, 22-юми август дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мудири кулли Хазинаи кувайтии рушди иқтисодии араб Валид Ал-Баҳарро ба ҳузур пазируфтанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи мазкур баррасӣ гардидааст.

“Тоҷикистон ба таҳкиму тавсеаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманд бо Давлати Кувайт таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд ва Кувайтро шарики муҳими худ медонад”,- изҳор доштаанд дар оғози суҳбат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

- Ҷараёни тавсеаи ҳамкории Тоҷикистону Хазинаи мазкур дар маблағгузории лоиҳаҳои муҳими зербиноӣ, аз ҷумла сохтмони роҳҳои мошингард, барқарорсозии шабакаҳои барқӣ ва обёрӣ бо қаноатмандӣ таъкид гардид,- меафзояд манбаъ.

Пешвои миллат изҳор доштаанд, ки ҳоло дар Тоҷикистон барои таъмини аҳолии кишвар ва минтақа бо “неруи сабз” ва рушди “иқтисоди сабз” чораҳои зарурӣ амалӣ мегарданд.

Дар ин робита ҷалби сармояи кувайтӣ ба соҳаи энергетикаи барқароршаванда, бахусус гидроэнергетика ва таҳкими зербинои энергетикаи барқӣ зарур дониста шудааст.

Афзун намудани маблағгузории хазина барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва нақлиёт мувофиқи мақсад номида шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД