Пешгирии вируси норасоии масунияти одам дар занони ҳомила ва ҳамзамон интиқоли он аз модар ба кӯдак айни замон яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи тандурустии кишварҳои олам ба шумор меравад, ки давлати мо низ аз ин доира истисно нест.
Ин нукта зимни як ҷаласаи корӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба пешгирии интиқоли бемории вируси норасоии масунияти одам аз модар ва кӯдак ва пешгирии бемории мазкур дар занони ҳомила зикр гардидааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустии кишвар, дар ҷаласи корӣ муовинони вазир Зулфия Абдусаматзода, Абдухолиқ Амирзода, роҳбарони муассисаҳои соҳавӣ ва ҳамзамон ба тариқи онлайн роҳбарони марказҳои ВНМО, марказҳои солимии репродуктивӣ ва марказҳои саломатии як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намудаанд.
Зимни ҷаласаи мазкур қайд карда шудааст, ки пешгирии вируси норасоии масунияти одам дар байни аҳолӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ба шумор меравад.
Зикр гардидааст, ки аз ҷумла қабул ва мавриди амал қарор гирифтани барномаҳои соҳавӣ дар ин самт ба коҳиш додани бемории мазкур дар кишвар саҳми назаррас гузоштаанд.