Дирӯз ба хотири таҷлили рӯзи “Артиши миллӣ” хостам дӯстамро ба тамоши филм даъват намоям, аммо аз сабаби серкорӣ фурсат даст надод, ки пешакӣ чипта харам.
Тақрибан соати 7-и бегоҳ аз хона шитобон ба “таксӣ” нишаста, ронандаро хоҳиш кардам, то бо автомобилаш бо суръати тир ба ҷойи даркорӣ маро расонад. То ба маркази савдои “Ашан” расидан дар дилам ҳазорон афсӯс хӯрдам, ки чаро чиптаро тариқи “онлайн” нахаридам, мабодо чипта тамом шуда бошаду “сюрприз”-и ба нақша гирифтаам барбод мешавад. Ба ҳамин хотир бо сад афсӯсу вовайло ба ҷойи лозима расидам. Аммо баробари аз таксӣ фаромадан шоҳиди манзаре гаштам, ки маро дар ҳайрат гузошт. Назар ба рӯзҳои муқаррарӣ, одамон камтар ба чашм мерасиданд. Аз дил гузарондам, ки шояд дар дохили маркази савдо ва фароғат одамон зиёдтар бошанд, вале...
Қасд кардагӣ барин, ҳамаи филмҳои ҳамон рӯз дар намоишгузоштаро аллакай тамошо карда будем. Шояд аз ин сабаб он ҷо низ камодам буд... Хуллас, нақшаи тамошои филм барбод рафт.
ЯК БӮСАИ ТЕНҶ- ТӮҲФАИ БЕҲТАРИН ДАР 23-ФЕВРАЛ
Дар ин миён дӯстам омаду якчанд аламҳои дар дилдоштаро аз забони худ ва дӯстонаш қисса кард. “Хайрият, ки имрӯз рӯзи истироҳат буд, ҳол он, ки ҳар сол мо бечора мардакон бар зами оне, ки ҳар рӯз аз саҳар то бегоҳ хар борӣ кор мекунем, боз дар рӯзи иди мардон рӯзи корӣ дорем. Лекин занон офаридаи ботақдиранд. Рӯзи 8-март истироҳат мекунанд. Дар иди занон тамоми мавзеҳои фароғативу истироҳатӣ ва марказҳои савдо кас ҷойи қадамгузориро намеёбад. Ҳамаи занон бо гулу гулдастаҳо ва якчанд борхалтаҳои пур аз тӯҳфа дар даст, машғули аксгирию посткуниҳо дар Instagram ва Facebook ҳастанд, ҳатто бо питсою бургери аз ҷониби шавҳарашон харидагӣ сурат мегиранд. Аламавораш он аст, ки ҳамсарони зираку ҳушёр пеш аз ин ид бо шавҳарашон қаҳрӣ мешудаанд. Имрӯз ҳамроҳи дӯстам барои харидани тилло ба занаш раҳсипор шудем. Ҳамсараш як рӯз қабл бо ӯ қаҳрӣ шудааст, барои дили занашро ёфтанд, барои харидани тилловорӣ ба мағозаи “Ҷавоҳироти Заррин” рафтем. Дар рӯзи иди мардон дар мағозаи тиллофурӯшӣ шоҳиди манзараи аҷибе шудам, ки занон аз ҳисоби мардон якчанд ҷавоҳироти баландарзишро хариданд, ҳол он, ки онҳо бояд ба шавҳарашон тӯҳфа ҳадя намоянд. Як дӯсти дигарамон қисса аз он кард, ки занаш бо харидани як ҷуфт “носкӣ” ва пухтани як дег ош бо нозу ишеби занона гапро ба дугонаҳояш бурда, ҳушдор аз он кардааст, ки мисли шавҳарони дугонаҳояш дар 8-март ба ӯ як гарданбанди тиллоӣ харад.
Майлаш ба мо тӯҳфа нахаранд. Ақаллан 23-феврал расман рӯзи истироҳат эълон шавад. Мардон беандоза миннатдор хоҳанд шуд. Вале.... ”-ҳамин тариқ дӯстам муддати 1-соат аз беэаҳамиятӣ зоҳир намудани ба иди мардон шикваи аламовар намуд.
Бале, мардони тоҷик ҳақиқатан мардонавор рафтор мекунанд. Онҳо барои хурсанд намудани модар, ҳамсар, хоҳар ва дигар ашхоси наздик на вақту на маблағашонро дареғ намедоранд. Итминон дорем, ки соли оянда иди мардон низ мисли рӯзи Иди Модар рангину гуворо таҷлил гардад.