arzon replenishment
Ғалабаи духтарони футболбози тими “Душанбе” бар дастаи Кӯлоб
113

Дар доираи чорабиниҳои варзишӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол - 25-уми май, имрӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе “Мусобиқаи ҷумҳуриявии Футбол” байни дастаҳои бонувон оғоз ёфт.

Дар доираи мусобиқоти “WORLD FOOTBALL DAY” тими духтаронаи футболи Мактаби варзишии шаҳри Дуҳшанбе U-15 бо дастаи духтарони 15-солаи футболбози МДМВ шаҳри Кӯлоб рақобат намуданд.

Бозӣ хеле пуршиддат гузашта, духтарони футболбози шаҳри Душанбе дар мусобиқа бартарӣ нишон доданд. Дар қисми аввали бозӣ тими духтарони футболбози “Душанбе” пай дар пай ба сӯйи дарвозаи ҳариф ҳамла намуда, тавонистанд 3 тӯбро ба нишон расонанд. Мадина Ашӯрмамадова ба дарвозаи ҳарифон 2 гол зада, бозингари дигари ин даста Омина Ғӯломова тавонист боз як тӯби дигарро моҳирона вориди дарвозаи ҳариф намояд.

Дар қисми дуюми бозӣ дарвозабони тими МДМВ-и шаҳри Кӯлоб иваз карда шуд ва дарвозабони нави ин даста тавонист чандин ҳамлаи тими “Душанбе”-ро баргардонад. Аммо дар ин қисми бозӣ низ ба капитани тими “Душанбе” Ясмина Оламназарова муяссар гашт, ки ба дарвозаи тими Кӯлоб боз 1 тӯби дигар занад.

Ҳамин тавр, бозӣ бо ҳисоби 4:0 ба фоидаи тими духтаронаи футболи Мактаби варзишии шаҳри Душанбе U-15 анҷом ёфт.

Пагоҳ тими духтаронаи футболи Мактаби варзишии шаҳри Душанбе U-17 дар сафар бо духтарони Шаҳринав рақобат менамояд.

Дар чемпионати Тоҷикистон байни духтарони то 17-сола 15 даста, ки се гурӯҳро ташкил медиҳанд, ширкат менамоянд. Дар марҳилаи аввал дастаҳо дар се давр бозӣ мекунанд. Ғолибони гурӯҳ ва беҳтарин дастаи зинаи дуюм ба қисми ниҳоии чемпионат роҳ меёбанд.

Дар гурӯҳи хурдтарин - чемпионати Тоҷикистон байни духтарони то 15-сола 20 даста ба панҷ гурӯҳ тақсим шудаанд. Ғолибони панҷ гурӯҳ, инчунин беҳтарин тими ҷойи дуюм ба қисми ниҳоии чемпионат мебароянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД