Санаи 5-уми октябри соли 2021 бо киштии кайҳонии “Союз МС-19” як даста ҳунармандони рус барои сабти аввалин филми ҳунарии дар кайҳон сабтшаванда бо номи “Вызов” ба кайҳон парвоз карданд. Барои ишғоли нақши асосии филм наздики 3 ҳазор нафар дархост дода буданд, аммо байни ин қадар рақибони зиёд Юлия Пересилд ба ин нақш сазовор дониста шуд.
Гуфта мешавад, ки ин лоиҳа аз ҷониби “Роскосмос” ва “Шабакаи аввал”-и Телевизиони Русия таҳия шудааст. Гурӯҳи корӣ бо худ равоншинос, дилшинос ва оператору режиссёр гирифта, пеш аз парвоз як моҳ тайёрии ҳамаҷониба дидаанд.
Коргардони филм Клим Шипенко дар бораи филми мазкур маълумот дода, дар рафти суханрони “Вызов”-ро “Драмаи ҳаётӣ” номидааст.