toyota motors
Акнун барои воридоти як тонна сӯзишворӣ 30 евро пардохти экологӣ ситонида мешавад
101

Барои воридоти ҳар як тонна бензин, нафт, газ, ангишт ва дигар намудҳои сӯзишворӣ акнун 30 евро маблағи пардохти экологӣ супурдан лозим меояд, ки тақрибан 330 сомониро ташкил медиҳад. Маблағи мазкур ҳангоми воридоти сӯзишворӣ танҳо як маротиба аз воридкунандагон ситонида шуда, барои истифодаи минбаъдаи он соҳибони мошинҳо пардохти экологӣ намесупоранд.

Вазорати адлия нусхаи қарори мазкурро рӯзи 19-уми март расман нашр намуда буд ва пас аз як моҳи интишор, яъне аз 19-уми апрел он ба ҳукми иҷро медарояд. Меъёри мазкурро ҳукумати кишвар муайян кардааст ва маблағи ситонидашуда ба буҷаи мамлакат ворид мегардад.

Воридкунандагони нафт ва маҳсулоти нафтӣ барои ҳар як тонна сӯзишворӣ 70 евро андози аксиз месупурданд, ки тахминан 780 сомониро ташкил медод. Акнун бо дарназардошти пардохти экологӣ онҳо ҳангоми воридоти сӯзишворӣ 100 евро ё ҳудуди 1100 сомонӣ маблағ пардохт хоҳанд кард. Ҳанӯз маълум нест, ки ин ба нархи бензин, газ ва дигар намудҳои сӯзишворӣ таъсир мерасонад ё не, вале дар сурати болоравии нарх хароҷоти ронандагон низ бештар хоҳад гашт.

Пардохти экологӣ барои таъсири манфӣ ба муҳити зист ситонида шуда, он ба буҷет пардохт карда мешавад. Пардохти мазкур ҳамчун ҷуброн барои ифлос кардани муҳити зист ё истифодаи захираҳои табиӣ пешбинӣ шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД