arzon replenishment
Қаиқронҳои тоҷик дар Чемпионати Осиё соҳиби 3 медали тилло гаштанд
435

Қаиқронҳои тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ, ки дар Тайланд баргузор гашт, соҳиби 3 медали тилло гаштаанд.

Тими Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ дар Тайланд муваффақона баромад намуда, соҳиби 7 медал гаштааст.

Амирҷон Бобоҷонов дар байни калонсолон дар қаиқронӣ ба масофаи 3400 метр ва 10000 метр аввалин шуда ба марра расид ва соҳиби медали тилло гашт. Қаиқрони дигари тоҷик Муҳаммадӣ Раҷабов дар байни ҷавонон дар қаиқронӣ ба самофаи 10000 метр ҷойи аввалро сазовор гашта, соҳиби медали тилло шуд.

Бобоҷон Бобоҷонов дар байни калонсолон дар қаиқронӣ ба масофаи 3400 метр ҷойи сеюм ва ба масофаи 10000 метр ҷойи дуюмро ишғол намуд.

Фирдавс Шарипов дар байни ҷавонон дар қаиқронӣ ба масофаи 3400 метр ва 10000 метр маҳорати хуб нишон дода, соҳиби медали нуқра гашт.

Ҳамин тавр, тими Тоҷикистон бо намояндагии Шаҳриёр Даминов, Амирҷон Бобоҷонов, Муҳаммадӣ Раҷабов, Бобоҷон Бобоҷонов, Фирдавс Шарипов, мураббиёни ботаҷриба Зоҳирҷон Набиев, Азизҷон Бобоҷонов бо сарварии раиси Федератсияи қаиқронҳои ҷумҳурӣ Файзулло Шарипов дар ин мусобиқа хеле хуб баромада намуда, соҳиби 7 медали Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ гаштанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД