Мегӯянд, ки агар давоми 3 сол дар замини наздиҳавлигие, ки аз ҷониби ҷамоати деҳот бо қарори раиси ноҳия дода мешавад, чизе бунёд нагардад, заминро ба фоидаи давлат мегиранд.
Ин то куҷо воқеият дорад? Ҳамзамон, баъди ин, соҳиби ин замин ҳуқуқи муроҷиати такрориро барои гирифтани замин дорад ё не?
Алиев С.
Посух
Дар асоси моддаи 37 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қитъаи замини ҷудошуда бо мақсади бунёди манзил тибқи таъиноти ғайрикишоварзӣ дар давоми 3 сол шурӯъ накардан ба бунёди оғози корҳои сохтумонӣ асос барои қатъ гардидани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин гашта, қитъаи замини мавҷуда ба фонди захираи Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва ё ноҳияи дахлдор гузаронида мешавад.
Муроҷиати такрориро қонунгузор нисбати шаҳрванд маҳдуд накардааст ва шаҳрванди муроҷиаткунанда бояд дар муроҷиати такрории худ эҳтиёҷмандии худро нисбати қитъаи замини наздиҳавлигӣ изҳор намояд ва албатта комиссияи назди Мақомоти маҳаллӣ хулоса дар хусуси ниёзманд будани муроҷиаткунандаро санҷида мебарояд.