Formula novemver 2024
АФЗАЛШОҲ ШОДИЕВ ВАЗИФАИ НАВ ГИРИФТ
7505

 Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Афзалшоҳ Шодиеви 58-сола моҳи феврали соли ҷорӣ дар пайи як тағйироти кадрӣ аз мақоми роҳбарии Филармонияи давлатии Тоҷикистон барканор шуда, давоми шаш моҳ дар истироҳат буд.

Ӯ қаблан гуфта буд, ки аз вазифа рафтанаш бо хоҳиши худаш сурат гирифтааст ва мехоҳад, ки каме ба эҷод машғул шавад. Бо гузашти шаш моҳ Афзалшоҳ Шодиев бо фармони вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода вазифаи нав гирифтааст. Ӯро роҳбари Муассисаи давлатии “Ансабли тарона ва рақси “Сомон” таъйин кардаанд.

Овозхон то шаш моҳи қабл давоми панҷ соли охир вазифаи роҳбарии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраевро ба ӯҳда дошт. Баъдан моҳи феврали имсол дар пайи як тағйироти кадрӣ Кароматулло Раҳимзодаро ба ҷойи Афзалшоҳ Шодиев роҳбари Филармонияи давлатӣ таъйин карданд. Кароматулло Раҳимзода падари овозхони шинохта Ситораи Кароматулло буда, то роҳбари Филармонияи давлатӣ шуданаш, директори Муассисаи давлатии “Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи Миратулло Атоев” буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД