“Боре, ки имрӯз ба Тоҷикистон омад, мебоист дар моҳи шарифи Рамазон ба мардуми Тоҷикистон дастрас мешуд, аммо бо баъзе сабабҳо интиқолдиҳӣ дермонда шуд. Имрӯз ин хурмо дар Сафорат аст ва вазни умумиаш 25 тонаро ташкил медиҳад. Пас аз супоридан ба мақомоти кишвар онро ба тамоми аҳолии Ҷумҳури Тоҷикистон тақсим хоҳанд кард”
Ин нуқтаро Валид ибни Абдурахмон Ар- Решайдан, Сафири фавқулода ва мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими супоридани хурмо ба ҷониби Тоҷикистон қайд кард.
Сафир аз ҳамкории Маркази кӯмакҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмон ва ниҳодҳои Тоҷикистон ёдовар шуда, иброз дошт, ки ин марказ дар тамоми масъалаҳои башардӯстона саҳмгузор аст.
“Мо то имрӯз ҳамеша дар паҳлӯи мардуми ба мо дӯст ва бародари Тоҷикистон будем. Дар заминларзае, ки дар Тоҷикистон рух дода, хисороти молии зиёд дошт, Арабистони Саудӣ аввалин кишваре буд, ки кӯмаки худро расониданд”,-илова кард Валид ибни Абдурахмон Ар- Решайдан.
Соҳибҷон Зиёдуллоев, муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар супоридани хурмо ҳамчун намояндаи Ҳукумати Тоҷикистон ширкат дошт, зимни суханрониаш аз робитаи дӯстонаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ёдовар шуда гуфт:
“Дӯстии мо рӯз ба рӯз равнақ ёфта, мустаҳкам гашта истодааст. Кӯмаке, ки ба мо супорида мешавад, онро ба мардуме, ки ба он низё доранд, мерасонем ва аз натиҷаи дастрас гардонидани он хабари муфассал пешинҳод хоҳем кард....”
Лозим ба ёдоварист, ки бо кӯмаки Фонди Саудии рушд ҷиҳати таҷдиди роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаи хум, ки 50 км-ро ташкил медиҳад, корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, дар семоҳаи сеюми ҳамин сол роҳ ба пуррагӣ ба истифода дода хоҳад шуд. Ҳамчунин, сохтмон ва таҷҳизонидани 34 мактаби миёна дар нақша гирифта шуда буд, ки то охири сол ба пуррагӣ ба истифода дода мешаванд.
Имсол аз муносибатҳои дипломатии Тоҷикисон ва Арабистони Саудӣ 30 сол сипарӣ мешавад.