Formula novemver 2024
Адолф Гитлер чаро хунхор шуд?
1199

Падараш дар кӯдакӣ ӯро бо тасма мезад

Адолф Гитлер аз зумраи хунхортарин ҳокимон ба шумор меравад. Ин марди бераҳм ва ҷоҳил тамоми ҷаҳонро ба коми ҷанг кашида, боиси марги зиёда аз 50 миллион нафар дар сайёраи замин гаштааст.

Адолф Гитлер 20-уми апрели соли 1889 дар Браунауи Австрия, дар наздикии марзи Олмон таваллуд шудааст. Бародарону хоҳаронаш ҳанӯз айёми хурдсолӣ аз бемории дифтерия вафот кардаанд. Тавре аз тарҷуми ҳолаш бармеояд, падари Гитлер бисёр марди бераҳм, ҷоҳил, хукмфармо ва бадхашм буда, аксар вақт Гитлерро дашном медодааст ва ҳатто бо тасма зада, таъкид мекардааст, ки бо яҳудиён дӯстӣ накунад.

Адолф Гитлер давраи кӯдакии пурташвиш ва пуразоберо паси сар намуда, аз меҳру муҳаббат ва навозиши падар маҳрум будааст.

Равоншиносон бар он назаранд, ки маҳз ҷабру зулми аз дасти падар кашидааш боиси бераҳм ва ҷоҳил ба воя расидани ӯ гаштааст.

Меҳри модар ва меҳри Худо

Гитлер аз падари бераҳмаш қади аҷал тарсад ҳам, модарашро сахт дӯст медошт. Модараш низ ӯро сахт дӯст медошт ва тайёр буд, ки ҷонашро барои писараш қурбон намояд. Оилаи онҳо католик буданд, аз ин рӯ, дар кӯдакӣ Адолф ба масеҳият сахт алоқаманд буд ва ҳатто мехост ҳаёташро танҳо ба парастиши Худо бахшида, коҳин шавад. Агар Гитлер коҳин мешуд, шояд таърих ранги дигар мегирифт, вале...

Гитлер чӣ тавр овораи хиёбонҳо шуд?

Қабл аз он ки як диктатори бераҳм шавад, Гитлер зоҳиран одами бад набуд. Вай истеъдоди санъаткорӣ дошт ва орзу мекард, ки рассом шавад, вале аризаи Гитлер барои таҳсил дар Академияи санъати тасвирӣ дар Вена ду маротиба рад карда шуд.

Бузургтарин зарба дар ҳаёти Адолф - ин марги нобаҳангоми модараш буд, ки дунёро дар сари ӯ гӯё хароб кард. Модараш бар асари бемории саратони сина аз дунё чашм пӯшида, Гитлер ба маънои томаш дар кӯча монд ва овораи хиёбонҳо гашт. Вай ҷойи рафтан надошт, аз ҳамин сабаб, дасти холӣ ба Вена кӯчид. Вай дар паноҳгоҳҳои бесарпаноҳ умр ба сар мебурд, вале...

Ҷозибаи сухан

Гитлер истеъдоди баланди суханронӣ дошт ва аз мавқеи осебпазири Германия дар натиҷаи мағлубият дар ҷанги якуми ҷаҳон истифода бурда, барои худ карера сохт. Суханрониҳои ӯ василаҳои таблиғотӣ буданд, ки барои ноил шудан ба шуҳрат ва қудрат оқилона истифода мекард. Вай бо суханони худ ҳамеша дар дили мардум як тӯфони ҳақиқӣ барангехта, дар муддати кӯтоҳ тарафдорони зиёде пайдо кард. Гитлер дар як митинг дар Мюнхен иштирок карда, кӯшиши анҷом додани табаддулот ва сарнагун кардани ҳукумати Баварияро намуд, аммо боздошт ва ба 5 сол ба зиндон маҳкум шуд. Маҳз дар зиндон вай қисми аввали китобаш «Майн кампф» ё “Муборизаи ман”-ро навишт. Китоб нақшаи генералии ояндаи Олмонро дар бар гирифта, дар он Гитлер ақидаҳои нажодпарастонаи худро дар боби зарурати забт кардани Русия ва тамоми кишварҳои славянӣ баён намудааст. Дар ибтидои Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ беш аз панҷ миллион нусхаи китоби мазкур фурӯхта шуд.

Оташе, ки «Фюрер»-ро офарид

Рейхстаг ё парлумони Олмон соли 1933 сӯзонида шуд. Гитлер аз ин барои эътироз ба муқобили мухолифони коммунист истифода бурд. Рӯзи дигар миллатчиёни немис бе интихобот аксарияти ҷойҳоро гирифтанд ва Гитлер вазифаи канслерро соҳиб шуд. Соли 1934 баъди марги президент Гинденбург Гитлер расман канслер ва президенти Германия шуда, худро "Фюрер" номид.

Қотил ба ҷоизаи Нобел пешбарӣ шуд, вале...

Соли 1939 Эрик Готфрид Кристиан Брандт аз парлумони Шветсия номзадии Адолф Гитлерро ба ҷоизаи сулҳи Нобел пешбарӣ кард. Албатта ин пешниҳод кинояе буд, ки ба Гитлер нигаронида шуда буд. Номзадӣ қабул нашуд ва фавран бозпас гирифта шуд. Гитлер инро ҳамчун таҳқир қабул кард ва баъдан ҳама олмониҳоро аз гирифтани ҷоизаи Нобел манъ кард.

Нашъа мезаду нақшаи ҷангро мекашид

Пеш аз ҷанг Гитлер духтуреро киро кард, ки ба ӯ доруҳои ретсептӣ таъин намояд. Ба Гитлер оксикодон, метамфетамин, морфин ва кокаин таъин карда шуд. Ҳангоми қабули қарорҳои ҷиддии марбут ба ҷанг вай аз ин доруҳо, ки дар таркибашон маводи мухаддир доштанд, истифода мебурд.

Худкушии пурасрор

Гитлер муътақид буд, ки дар ҷанг ғалаба ба даст оварда, ҳокими тамоми дунё мешавад, вале шикаст хӯрд. Ба мағлубият тоб наоварда, рӯзи 30-юми апрели соли 1945 Адолф Гитлер ба сари худ тир холӣ кард. Аммо то ба имрӯз баъзе одамон ба худкушӣ кардани Гитлер боварӣ надоранд.

Ҳамагӣ чанд соат пеш аз маргаш вай бо зани дӯстдоштааш издивоҷ намуд ва арӯси Гитлер Ева Браун низ баробари ӯ бо истифода аз сианид даст ба худкушӣ зад.

Гитлер пеш аз худкушӣ карданаш ёддошт навиштааст, ки ҳарду ҷасадро сӯзонанд ва дафн кунанд.

Боқимондаҳои ҷасадҳои сӯхташуда баъдтар бо косахонаи саре, ки ба он тир холӣ шуда буд, пайдо шуданд, вале соли 2009 пажӯҳиши ДНК исбот намуд, ки дар асл косахонаи сар на ба Гитлер, балки ба зан тааллуқ дорад.

Гитлер дар ҳақиқат худкушӣ карда буд ё ба таври қалбакӣ марги худро тасвир намудааст, то ки аз таҳқир ва думболагирӣ наҷот ёбад? Ин саволест, ки то ба имрӯз касе ба он ҷавоби аниқ пайдо накардааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД