formula feb 2025
Қадамҳои устувор дар самти рақамикунонии системаи андоз
18.03.2025
Oila.tj
252

Рушди технологияҳои навин ва гузаштан ба хизматрасониҳои рақамӣ яке аз талаботҳои асосии замони муосир буда, имрӯзҳо ин раванд дар кишвари мо низ босуръат идома дорад.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати рушди ҳукумати электронӣ ва гузаштан ба хизматрасониҳои рақамӣ Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёдеро анҷом додааст. Кумита бо мақсади беҳтар намудани самаранокии фаъолияти мақомоти андоз, таъмини шаффофият, коҳиш додани иқтисоди пинҳонӣ, соддаю дастрас гардонидани хизматрасониҳои андоз ба шаҳрвандон дар шакли электронӣ, рушди ҳамкории фосилавӣ бо андозсупорандагон ва мақомоти давлатӣ, кам кардани хароҷоти идоравӣ ва маъмурӣ тадбирҳои зиёди судманд андешида, раванди рақамикунонии соҳаро босуръат идома медиҳад. Айни замон андозсупорандагон тавассути барномаҳои компютерии системаи муттаҳидаи идоракунии андоз аз хизматрасониҳои электронӣ, аз ҷумла ҳуҷраи шахсии андозсупоранда, пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии давлатӣ, дар шакли электронӣ таҳия ва пешниҳод намудани эъломияи андоз, пардохти андозҳо ба таври ғайринақдӣ, кушодани суратҳисоби бонкӣ дар шакли онлайн, қатъи фаъолияти соҳибкории инфиродӣ, дастрас намудани рақами мушаххаси андозсупоранда ва дигар хизматрасониҳои давлатии Кумитаи андоз истифода бурда истодаанд. Туфайли рақамикунонии системаи андоз кори андозсупорандагон хеле қулай ва осон гаштааст. Акнун онҳо аз барномаҳои электронии Кумитаи андоз истифода бурда, андозҳоро сари вақт ба таври онлайн пардохт менамоянд, ба кабинети шахсии худ ворид гашта, тамоми маълумоти лозимаро мегиранд ва дигар амалҳои вобаста ба андозро бидуни хароҷоти иловагӣ анҷом дода, вақти худро сарфа менамоянд.

Бо мақсади арзёбии сифати хизматрасониҳо ба андозсупорандагон пешниҳодшуда ва мониторинги самаранокии ислоҳоти андоз санаи 14-уми марти соли равон бо ибтикори Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи "Амалиёти ислоҳоти андоз" дар меҳмонхонаи Хилтон рӯнамоии таҳқиқоти миёнадаврии консорсиуми ҶДММ "Кроу-ЭйСиҶИ" ва ҶДММ "Таҳлил ва Машварат" баргузор гардид.

Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ муовини аввали раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Аюбҷон Маъруф ифтитоҳ намуда, зимни суханронии худ таъкид кард, ки рақамикунонии хизматрасониҳои андоз дар дастрас ва шаффоф гаштани системаи андозу андозбандӣ нақши калидӣ дорад. Мавсуф зикр намуд, ки ворид намудани хизматрасониҳои рақамӣ, аз қабили ҷорӣ кардани эъломияи электронии андоз ва утоқи шахсии андозсупоранда ба кам шудани сарбории маъмурӣ ва баланд бардоштани сатҳи иҷрои ихтиёрии ӯҳдадориҳои андоз мусоидат менамояд.

Пас аз ин директори ширкати «Таҳлил ва Машварат» Абдуазиз Қосимов ба сухан баромада, натиҷаҳои тадқиқотро пешниҳод намуд. Зимни рӯнамоии тадқиқот мавсуф дар бораи натиҷаҳои калидии ташхис ва розигии андозсупорандагон маълумоти муфассал дода, пешниҳодҳои мушаххасро ҷиҳати дар оянда боз ҳам беҳтар намудани маъмурикунонии низоми андоз дар Тоҷикистон иброз намуд.

Қобили зикр аст, ки тадқиқоти мазкур бо дастгирии Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, ба мониторинги самаранокии ислоҳоти андоз равона гардидааст.

Лоиҳаи «Амалиёти ислоҳоти андоз» ба содагардонии системаи андозу андозбандӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои андоз ва дилгарм намудани андозсупорандагон ба риояи қонунҳои андоз нигаронида шудааст. Тадқиқот дар 3 зина - асосӣ, миёнадаврӣ ва хотимавӣ гузаронида шуда, солҳои 2023-2025-ро фаро мегирад.

Дар тадқиқоти миёнадаврӣ, ки аз моҳи октябри соли 2023 то моҳи октябри соли 2024 гузаронида шудааст, дар маҷмуъ 518 нафар пурсидашудагон ширкат варзидаанд, ки асосан соҳибкорони инфиродӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва намояндагони хоҷагиҳои деҳқонӣ буданд. Дар доираи тадқиқот аз усулҳои таҳлилии шуморавӣ дар асоси суҳбати рӯ ба рӯ ва сифатӣ дар асоси мубоҳисаҳои гурӯҳӣ натиҷагирӣ карда шудааст.

Натиҷаҳои тадқиқот самаранокии ислоҳоти андозро нишон медиҳад. Аз ҷумла 97% истифодабарандагони “Утоқи шахсии андозсупоранда” аз сатҳи баланди хизматрасониҳои андоз изҳори қаноатмандӣ намудаанд. 96% пурсидашудагон содаю дастрас будани системаи электронии супурдани декларатсияи андозро қайд кардаанд. 93% истифодабарандагон дар бораи сомонаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назари нек баён намуда, 85%-и пурсидашудагон сифати хизматрасониҳои Маркази тамоси Кумитаи андозро хуб арзёбӣ намудаанд.

Тадқиқот баланд гаштани одоби андозсупорӣ дар байни соҳибкорон ва касбияти баланди мутахассисони мақомоти андозро бори дигар собит намуд. Самарабахшии хизматрасониҳои пешниҳодшудаи андоз ба андозсупорандагон дар маҷмуъ 83%-ро ташкил додааст, ки дар қиёс бо натиҷаҳои қаблӣ тамоюли рушд дорад.

Дар чорабини намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ, соҳибкорони инфиродию ҳуқуқӣ, муҳосибон, роҳбарон ва мутахассисони корхонаҳо, намояндагони ширкати «Таҳлил ва Машварат» ва КВД «Бақайдгирии амволи манқул ва шахсӣ” ва Кумитаи давлатии саромоягузорӣ ва идораи амвол ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзида, фикру андешаҳои худро баён намуданд.

Аз ҷумла Раул Феликс Варела, мутахассиси калон оид ба масоили идоракунии давлатии Бонки Ҷаҳонӣ Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо натиҷаҳои назарраси ба даст овардаашон муборакбод намуд.

“Солҳои охир мо беҳбудии назарраси ҳамкории мақомоти андозро бо андозсупорандагон мушоҳида карда истодаем. Мақсади асосии лоиҳа низ дастгирии рақамикунонии маъмурияти андоз дар Тоҷикистон мебошад. Ҳар як раванди рақамисозӣ пешакӣ таҳлил карда шуда, мувофиқи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ гузаронида мешавад ва ин самаранокии онро таъмин менамояд",- қайд кард ҷаноби Раул.

Мавсуф ҳамчунин аҳамияти омӯзиши кормандони мақомоти андоз ва андозсупорандагонро бо мақсади баланд бардоштани саводнокии рақамӣ ва салоҳияти онҳо дар соҳаи идоракунии андоз зикр намуда, таъкид кард, ки натиҷаҳои бадастомада ҳаракати устувор ва ба самти дуруст равона гаштани талошҳоро дар ин ҷода нишон медиҳанд.

“Дар доираи рисолати кунунии Бонки Ҷаҳонӣ ба ҷорӣ намудани технологияҳои нав, аз ҷумла зеҳни сунъӣ (AI) ба раванди маъмурияти андоз диққати махсус дода мешавад”,- гуфт ҷаноби Раул Феликс Варела ва тавсия дод, ки раванди ислоҳот марҳила ба марҳила, мувофиқи стратегияи возеҳ ва дар асоси принсипи тағйирёбии тадриҷӣ амалӣ карда шавад.

Натиҷаҳои тадқиқот аз ҷониби иштирокчиён мавриди муҳокима қарор гирифта, пешниҳоду тавсияҳои мушаххас оид ба такмили минбаъдаи низоми андоз дар Тоҷикистон садо доданд. Намояндагони корхонаҳо, сохторҳои давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ба идомаи кор дар ин самт ва баланд бардоштани шаффофият ва самаранокии маъмурияти андоз дар Тоҷикистон изҳори умедворӣ намуданд.

Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси таҳлили маълумотҳои ба даст омада минбаъд корро пурқувваттар гардонида, гузаронидани маъракаҳои иттилоотӣ ва семинарҳои омӯзиширо дар бораи хадамоти андози рақамӣ ба нақша гирифтааст. Такмил додани низоми кори маркази тамос бо равона намудани диққати асосӣ ба масъалаи маъмурикунонии андоз ва таҳияи механизмҳои ҳавасмандгардонии андозсупорандагоне, ки ӯҳдадориҳои андозро саривақт иҷро мекунанд, дар маркази диққати масъулини кумита қарор дорад.

Натиҷаҳои тадқиқот тағйироти мусбатро дар дарки хизматрасониҳои андоз нишон медиҳанд, аммо барои дар оянда боз ҳам шаффофтар гаштани маъмурияти андоз ва рушди электронии системаи андозу андозбандӣ Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон талоши худро идома хоҳад дод.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД