Ҳабси як зан барои ба худкушӣ
расонидани духтари 16 сола
Додгоҳи вилояти Суғд сокини ноҳияи Спитамен Азиза Устобобоеваро бо иттиҳоми то ба марг расонидани духтараки 16 сола Суғдиёна Тоҷибоева, ки дӯстдоштаи писараш будааст, ба 5 соли зиндони низомаш сангин маҳкум намудааст. Тавре ки расонаҳо хабар додаанд, ҳукми додгоҳ рӯзи 20-уми ноябр содир шуда, Азиза Устобобоеваро аз толори суд ба боздоштгоҳ бурдаанд.
Ин ҳодисаи нохуш моҳи июни соли равон рӯй дода, ҷисми беҷони Суғдиёна Тоҷибоеваро, ки худро ба дор овехта буд, аз оғил ёфтаанд. Пайвандони марҳум модари дӯстписараш Азиза Устобобоеваро дар худкушӣ кардани Суғдиёна гунаҳкор намуда, даъво кардаанд, ки чанд рӯз пеш аз сар задани ин ҳодисаи нохуш ин зан духтаракро истинтоқ намуда, ба навор гирифтааст.
Аз рӯйи гуфтаҳои модари Суғдиёнаи ноком, гӯё Азиза Устобобоева "Чаро ба писари ман навиштӣ, чаро бо писарам ишқварзӣ мекунӣ, ман туро шарманда мекунам, ба прокуратура менависам...” гуфта, доду вой кардааст.
“Духтари ман тарсидааст. Вай худашро беҳуда меовехтагӣ набуд. Хондан мехост, ҳама ҳуҷҷатҳояш тайёр буд. Ба имтиҳонҳо тайёрӣ медид...” нақл кардааст ин модари фарзандгумкарда.
Аммо худи Азиза Устобобоева дар як суҳбати бидуни сабт гуфтааст, ки ӯ танҳо мехост оқибатҳои бадеро, ки дар пайи ошиқии писараш бо ин духтари наврас пеш омада метавонистанд, пешгирӣ намояд.