arzon replenishment
Ҳабибҷон Баҳриддинов ба ошиқон сюрприз карданист
188

Ҳабибҷон Баҳриддинов ҳаҷвнигори маҳбубу ҷавони тоҷик мебошад, ки мухлисони зиёди хешро пайдо кардааст. Ин ҳаҷвнигор дар ҳақиқат бо маҳорати баланди ҳаҷвнигории худ қариб дар тамоми барномаҳои консертиаш толорро пур аз дӯстдорони ҳаҷву ханда мегардонад.

Ин ҳаҷвнигори маъруф санаи 13-уми феврал, дар рӯзи "Ошиқон", соати 18:00 ба кулли ошиқон сюрприз карданист. Сюрпризи ин ҳаҷвнигор ба кулли ошиқон - ин барномаи ҳаҷвии "Романтик" мебошад. Ин барнома дар Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ баргузор мегардад.

Ҳабибҷон Баҳриддинов зимни суҳбат бо сомонаи Oila.tj оид ба ин барномаи консертӣ чунин қайд намуд: "Ин барномаи консертӣ як сюрприз барои ошиқон аст. Ҳама ошиқон метавонанд биёянд, дар ин барнома танҳо ханданду аз инҷо бо хурсандӣ раванд. Ин барнома пурра нав аст. Шакли барнома низ дигар аст. Аз дигар барномаҳо ба куллӣ фарқ мекунад. Умедворам ба кулли тамошобинон писанд меояд. Ҷой хеле кам аст. Ошиқоне, ки мехоҳанд биёянд, ҳарчи зудтар ҷойи худро банд кунанд".

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД