Formula novemver 2024
АБДУРОЗИҚ ВИЗАИ ТИЛЛОӢ ГИРИФТ!
1818


Сарояндаи ҷавон ва блогери муваффақи тоҷик-Абдурозиқ, ки чанде пеш дар Инстаграмм сомонааш расмӣ шуда буд, боз ба як дастоварди нав ноил гашт.

Имрӯз дар Инстаграм наворе пахш шуд, ки Абдурозиқ визаи тиллоии Аморати Муттаҳидаи Арабро соҳиб шудааст.

Визаи тиллоӣ имкон медиҳад, ки ин овозхони ҷавони тоҷик тӯли 10 сол дар АМА зиндагӣ ва фаъолият намояд.

Визаи тиллоӣ ба Абдурозиқ рӯши душанбе дар Абу Дабӣ тақдим карда шудааст.

Тибқи маълумоти THE NATIONAL NEWS аввалин нафаре, ки дар Тоҷикистон соҳиби визаи тиллоӣ гашт, Абдурозиқ мебошад. Маъмулан ин виза ба сармоягузорон ва ашхоси сиоҳибистеъдод тақдим мешавад.

Аморати Муттаҳидаи Араб аз соли 2019 инҷониб ба сармоягузорони хориҷӣ ва овозхону ҳунармандони маъруф визаи тиллоӣ тӯҳфа мекунад.

Замоне ин ҷавони аҷиб дар кӯчаҳои Панҷакент бо овози пурсӯзу гудоз суруд хонда мегашт, вале акнун Абдурозиқ ба қатори шахсиятҳои машҳур дохил мешавад. Имрӯз ӯро натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар хориҷи кишвар мешиносанд, махсусан баъди муҳорибааш бо Ҳасбуллои Доғистонӣ Абдурозиқ боз ҳам маъруфтар гашта, шумораи мухлисонаш ба маротиб афзуд!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД