Абдурозиқ-блогер ва сарояндаи муваффақи тоҷик имрӯз милодашро ҷашн мегирад. Ин ҷавони шӯхтабиат дар Инстанрам як аксашро, ки бо либоси ҳарбӣ гирифта шудааст, нашр карда навиштааст:
Happy birthday to Me 18!
Сегодня мне исполнилось 18!
Ба хизмати Модар- Ватан тайёр!
Ёдовар мешавем, ки саҳифаи инстаграмми Абдурозиқ моҳи гузашта расмӣ шуда, бар замми ин, аз ҷони Аморати Муттаҳидаи Араб бо визаи тиллоӣ қадрдонӣ гашт. Бо ин виза Абдурозиқ метавонад муддати 10-сол дар ҳудуди Аморати Муттаҳидаи Араб оздона зиндагӣ ва кору фаъолият намояд.
Вақтҳои охир ҳамкории Абдурозиқ бо Бурак-ошпази универсалии турк, ки дар ҷаҳон машҳур аст, вусъат ёфтааст.
Шумораи обуначиёни саҳифаи Абдурозиқ ба 1 млн 300 ҳазор мерасад ва ин дар ҳолест, ки ҳатто Шабнами Сурайё ва Барон ин қадар мухлис ва ҳаводор надоранд.
Бо ин ҳама муваффақият Абдурозиқ то ҳол канали шахсии худро дар шабакаи ютуб надорад.