Sebiston new 2024 october
Абдулло Шарипов: Зебогии зан дар ҳурмату эҳтиром аст
691


Тавофи Каъба яке аз рукнҳои асосии дини Ислом буда, ҳамаи мусалмонон орзу доранд, ки “Хонаи Худо”-ро зиёрат кунанд.

Дар қатори дигар ҳамватанону мусалмонони дунё “барбер”, яъне сартароши машҳури тоҷик Абдулло Шарипов низ маросими Ҳаҷро иҷро намуд. Баъди бозгашти Абдулло мо дар бораи сафараш ба Ҳаҷ ва дигар паҳлуҳои кору зиндагиаш сӯҳбате анҷом додем, ки муҳтавояшро пешкаши шумо мегардонем.

-Абдулло, одатан одамон барои ба зиёрати хонаи Худо рафтан солҳо тайёрӣ мебинанд, вале сафари шумо ба Ҳаҷ ногаҳонӣ сурат гирифт. Манзурам он аст, ки шумо лаҳзаи охир, вақте ки аллакай парвоз доштед, мухлисонатонро огоҳ намудед, ки ба зиёрати Каъба рафта истодаед. Чаро чунин шуд?

-Ҳамеша орзу мекардам, ки ба зиёрати Каъба равам. Дар моҳи шарифи Рамазон чанд рафиқам Хонаи Худоро зиёрат карданд. Дар дили ман ҳам шавқе пайдо шуду дарҳол занг зада, чипта гирифтам.

-Маъмулан мардони тоҷик аввал падару модарашонро ба Ҳаҷ равон мекунанд, баъдан худашон ба зиёрати Каъба мераванд. Падару модари шумо ҳаҷ кардаанд?

-Ман аввал падару модарамро ба ҳаҷҷи фарзӣ равон кардам ва баъдан худам ба ҳаҷҷи умра рафтам, то ки ҳамроҳи оилаам боз якҷоя солҳои оянда равем.

-Таассуротатонро аз зиёрати Каъба нақл мекардед? Дар Хонаи Худо шуморо чӣ аз ҳама бештар мутаассир гардонд?

-Ҳар қадаре дар бораи хонаи Худо қисса кунем, ҳоло ҳам кам аст. Чунки бениҳоят макони муқаддас аст. Ҳар як гӯшаву канори Маккаву Мадина дар дили инсон нақш мебандад.

-Тамоми ҳоҷиҳо дар Каъба аввал дар ҳаққи зану фарзанд ва наздикону пайвандон дуо мекунанд, вале ман дар “сториз”-и шумо дидам, ки аввал барои Ватану миллатамон дуои нек кардед.

-Вақте ба ҷое сафар мекунӣ, аввал Ватанро ёд мекунӣ. Аввалин чизе, ки пеши рӯям омад, ин Ватанам буд. Албатта дар ҳаққи оилаву пайвандон ва кулли дӯстон низ дуо кардам.

-Сафари ояндаи шумо бо ҳамроҳии ҳамсаратон Сабрина ба Ҳаҷ кай ба нақша гирифта шудааст?

-Ҳар вақте, ки Аллоҳ розӣ бошаду дар тақдирамон навишта бошад.

-Хабар ёфтем, ки саҳифаи хайриявӣ мекушоед?

-Вақте ба Хонаи Худо сафар кардам, дар он ҷо мардуми хайрхоҳро бениҳоят зиёд дидам. Ҳама ба якдигар кӯмак мекунанд, касе эҳтиёҷ ба чизе надорад. Ман низ мехоҳам, ки тамоми мардуми кишвари азизамон аз ягон чиз танқисӣ накашанд. Нафаре ҳаст, ки масалан ба ҷарроҳӣ ё ягон чизи дигар эҳтиёҷ дорад. Мо ҳама якҷоя метавонем дастаҷамъона дасти кӯмак дароз кунему мушкилии ниёзмандонро бартараф намоем.

-Мегӯянд, баъди зиёрати Хонаи Худо инсон тамоман дигар мешавад. Ҳочӣ шудан дунёи шуморо то кадом андоза дигаргун намуд?

 

-Дигаргунӣ ҳамин, ки боз ба дин наздиктару эҳтиром ба падару модар, ватану миллат зиёдтар шуд.

-Мухлисон аз рафти сохтмони манзили шумо кам-кам бохабар шуда меистанд. Корҳои сохтмонӣ ба итмом расиданд ё не? Насиб бошад, кай ба хонаи нав мекӯчед?

-Ҳозир ошёнаи дуюмро таъмир карда истодаем. Бо хости Худо пас аз чанд моҳ ба хонаи навамон мекӯчем.

-Агар махфӣ набошад, барои бунёди хонаатон чӣ қадар маблағ сарф кардед?

-Хароҷоти калон шуд. Ман дар аввал хостам хонаи якошёна созам. Баъдан ҳамсарам гуфт, ки хуб мешуд, ки ду ошёна созем. Фикр мекунам зану шавҳарон дар зиндагӣ бояд дастгири ҳам бошанд.

-Аксари мардоне, ки хонаҳои калону боҳашаммат доранд, барои ҳамсарашон хизматгор мегиранд. Шумо ҳам барои Сабринабону ягон ёрдамчӣ мегиред ё не?

-Азбаски ҳамсари ман кор мекунаду дасташ ба ҳама кори хона намерасад, мо аллакай ёрдамчӣ дорем.

-Мардҳо ду тип мешавад: Мардоне, ки тамоми сирру асрорашонро ба ҳамсарашон мегӯянд ва мардоне, ки сирру асрорашонро аз занашон ҳамеша пинҳон медоранд. Шумо ба кадом тип дохил мешавед?

-Ҳолатҳое мешавад, ки бояд бо модару падар маслиҳат кунӣ. Баъзан бо Худованд роз мекунӣ. Мавридҳое мешавад, ки нуқтаи назари ҳамсафари ҳаётиро донистан муҳим аст.

-Шумо зебогии занро дар чӣ мебинед?

-Зебогии зан дар ақлу заковат, фаҳмиш ва эҳтироми падар модар, бародару хоҳари шавҳар аст. Зебу зиннати зан дар ҳурмату эҳтиром аст. Беҳуда нагуфтаанд:
Сурататро чӣ кунам, гар ту надорӣ сират,
Ман ба як ҷав нахарам сурати бемаъноро.
Мусоҳиб: Меҳроншоҳ Усмонзода

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД