Тавофи Каъба яке аз рукнҳои асосии дини ислом буда, ҳамаи мусалмонон орзу доранд, ки "Хонаи Худо"-ро зиёрат кунанд.
Бо ин орзуву мақсад барбери машҳури тоҷик Абдулло Шарипов роҳи Ҳаҷро пеш гирифт. Ӯро аз фурудгоҳи Душанбе ҳамсараш, блогери машҳур Сабринаи Назрӣ ва духтарчааш гусел карданд. Абдулло ҳангоми тавоф дуо кард, ки дар Тоҷикистон ҳамеша сулҳу амонӣ бошад.
Ҳамсараш зимни суҳбати телефонӣ бо сомонаи “Оила” гуфт, хонаводаи шавҳараш ҳамагӣ ҳоҷианд ва Абдулло ҳамроҳи як дӯсташ ба Маккаву Мадина рафт.
“Абдулло ба ман гуфт, рафта, равиши Ҳаҷро меомӯзам ва дафъаи дигар туро ҳам бо худ мебарам", - гуфт Сабринаи Назрӣ.