Гурӯҳи ҷавонони "Авангард" иттилоъ додааст, ки дирӯз ба зиёрати сароянда, шоумен ва блогери машҳур Абдурозиқ Эгамов рафтаанд.
Ба навиштаи саҳифаи расмии ин гуруҳ, Абдурозиқ дар тарғиби ғояҳои миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву меҳанпарварӣ ҳамчун ҷавон шоистаи таҳсин буда, саҳми арзанда дорад.
"Ӯ дар ҳар саҳнаҳои баланди ҷаҳонӣ "Ман тоҷикам, аз Тоҷикистонам" гӯён бо ифтихор ҳарф мезанад ва ғурури миллии худро нишон дода, бо истеъдоди волои худ аҳли ҷаҳонро ба ҳайрат мегузорад. Ҳунарнамоӣ дар саҳнаҳои бузурги ҷаҳонӣ ва пӯшидани тоқии тоҷикона бар сар, ки дар он низ навиштаҷоти “Тоҷикистон” бо Парчами давлатӣ дарҷ ёфтааст, ифодагари эҳтирому арҷгузории хоссаи ӯро аз фарҳангу ҳунари ниёгони худ далолат медиҳад. Метавон гуфт, ки Абдурозиқи ҷавон муаррифгари миллати соҳибтамаддуну соҳибфарҳанги мост",-навиштааст гуруҳ.
Масъули гурӯҳи ҷавонони “Авангард” дар шаҳри Панҷакент ба Абдурозиқ тӯҳфаву Сипосномаи хотиравии гурӯҳро тақдим намудааст.
Ёдовар мешавем, ки дирӯз ин сароянда барои соҳиби 1 миллион обуначӣ шудан дар Ютюб соҳиби тугмаи тиллоӣ шуд.