arzon replenishment
9 роҳи эмин мондан аз шикастани дасту пой ва ҳодисаҳои нохуш дар рӯзҳои барфӣ
09.12.2024
ОИЛА.ТҶ
552

Ана барфи аввал ҳам борид! Имрӯзҳо роҳҳо ях баста, хеле лағжонак шудаанд. Дар сурати беэҳтиётӣ кас метавонад афтода даст ё пояш шиканад, захму ҷароҳат бардорад ва ба садама ва ҳодисаҳои дигари ногувор дучор гардад.

Ба хотири пешгирии ҳодисаҳои нохуш мо ба шумо дар бораи чанд қоидаи муҳим маълумот медиҳем, ки дар рӯзҳои барфӣ ҳатман риоя кардан лозим аст.

  1. Тавре ки Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании кишвар тавсия додааст, дар рӯзҳои барфӣ ҳам пиёдагардон ва ҳам ронандагони воситаҳои нақлиёт бояд эҳтиёткор бошанд, то боиси сар задани садамаи нақлиётӣ ва ҳодисаҳои дигари нохуш нагарданд. Аз ҳама муҳимаш саросема нашавед ва ҳангоми убур намудани роҳ бадиққат бошед.
  2. Мардону занони калонсол дар чунин рӯзҳо бояд бештар эҳтиёт кунанд ва бидуни зарурат ба кӯча набароянд. Дар сурати пеш омадани зарурати баромадан аз хона ба пиронсолон тавсия дода мешавад, ки асои резинӣ ё чӯбчаи махсусро бо хӯшаҳои кунҷдор истифода баранд.
  3. Пойафзоле пӯшед, ки лағжонак набошад. Надавед, махсусан дар болои ях, то афтида, лат нахӯред.
  4. Ба бачаҳо тавсия дода мешавад, ки дар роҳҳои автомобилӣ ва дигар мавзеъҳои лағжонаку хатарнок яхмолакбозӣ накунанд.
  5. Падару модарон бояд дар рӯзҳои сард ба фарзандонашон бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Ҳангоми берун шудан аз хона ба кӯдакон либоси гарм пӯшонидан лозим аст, то сармо хӯрда, касал нашаванд.
  6. Аз шӯшаҳои овезони ях эҳтиёт кунед! Аз зери девору дарахтоне, ки ин гуна шӯшаҳои овезонро мебинед, гузар накунед!
  7. Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои пурбарфу ях эҳтиёткор бошанд. Хуб мебуд, ки ронандагони ҷавон ва бетаҷрибаву навкор дар чунин рӯзҳо аслан ронандагӣ накунанд.

8. Пеш аз он ки ба роҳ бароед, аввал бубинед, ки чархҳои мошинатон ба ҳавои зимистону барфу ях муносибанд? Куҳна нестанд, фарсуда нашудаанд? Боз бубинед, ки барои дар роҳҳои яхиву барфӣ ҳаракат кардан, чӣ намерасад? Оё сӯзишвории эҳтиётӣ доред?

  1. Дар сурати сар задани ягон ҳодисаи фавқулода фавран ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо рақами 112 занг занед ва кумак хоҳед!
Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД