- Ҳар сол 80-85 фоизи хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷавӣ бо роҳхат ба ҷойи кор таъмин мешаванд,- гуфт директори филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» дар шаҳри Душанбе Муъминҷон Ҷӯраев зимни нишасти матбуотӣ.
Муъминҷон Ҷураев тазаккур дод, ки доир ба ин масъала филиал тадбирҳои мушаххас меандешад, то робитаро бо вазорату идораҳо ва корхонаҳои саноатӣ дар шакли сифатан нав ба роҳ монда, масъалаи бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагони филиалро беҳтар намояд. Дар баробари ин раёсати филиал бо мақсади ташкил ва гузаронидани корҳои озмоишӣ ва таҷрибаомӯзиҳо бо зиёда аз 10 ташкилоту идора ва корхонаи саноатӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.
Иброз гардид, ки дар шашмоҳаи якуми соли 2025 дар филиал озмоишгоҳи байналмилалии минералогӣ ва маркази таҳқиқотӣ (IMLRC) - аввалин озмоишгоҳи мустақили таҳлилии сатҳи баланди технологии ҷумҳурӣ дар соҳаи саноати кӯҳӣ ва металлургӣ таъсис дода шуд.