sebiston july new
819 намуди дору ва молҳои тиббии Ҳиндустон дар Тоҷикистон
13.05.2024
ОИЛА.ТҶ
532

Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагии 103 ширкати истеҳсолкунандагони маводи дорувории Ҷумҳурии Ҳиндустон ба миқдори 819 намуди дору ва молҳои тиббиро аз қайди давлатӣ гузаронидаанд.

Ин нукта зимни вохӯрии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо сафири Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷеш Уике зикр гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ, нахуст Ҷамолиддин Абдуллозода ташрифи меҳмононро дар бинои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, Раҷеш Уикеро барои ба вазифаи сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданаш табрик намудааст.

Қайд гардидааст, ки дар рафти сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ҳиндустон «Созишномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ байни Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва некӯаҳволии оилаи Ҷумҳурии Ҳиндустон» 3-юми сентябри соли 2012 дар шаҳри Деҳлӣ ба имзо расидааст ва Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Ҳиндустон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ амал менамояд, ки барои иҷрои бандҳои дахлдори комиссияи мазкур Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамаи чораҳоро меандешад.

- Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода аз ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагии 103 ширкати истеҳсолкунандагони маводи дорувории Ҷумҳурии Ҳиндустон ба миқдори 819 намуди дору ва молҳои тиббиро аз қайди давлатӣ гузаронидаанд. Дар ин замина, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст, ки бо Ҷумҳурии Ҳиндустон дар рушди саноати доруворӣ, табодули таҷрибаи мутахассисони соҳа, такмил додани сатҳи ихтисоси мутахассисон дар самти ҷарроҳиҳои муосир, табобати саратон ва нигоҳубини навзодону кӯдакон дар ин кишвар ҳамкориҳои муштаракро ба роҳ монад,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД