Ҳарчанд солҳои охир пешравиҳои зиёде дар самти соҳибкории занону духтарон дар ҷумҳурӣ ба назар расад ҳам, мутаассифона, то ба имрӯз монеаҳои зиёди гендерие мавҷуданд, ки садди роҳи рушди фаъолияти соҳибкории бонувон мегарданд. Тавре Санавбар Имомназарова, тренер доир ба тиҷорати занон мегӯяд, яке аз мушкилиҳои асосии бонувон паст будани маърифати молиявии онҳо ва дарёфти маблағ барои оғози фаъолияти соҳибкорӣ мебошад. Барои аз бонк қарз гирифтан занон молу мулке надоранд, ки ба гарав монанд, зеро маъмулан тамоми амвол ба номи мардони хонавода аст...
Инак, чанд тавсияи Санавбар Имомназароваро ба бонувоне, ки мехоҳанд бо соҳибкорӣ машғул шаванд, пешниҳод месозем.
1. Нияти бо соҳибкорӣ машғул шудан дошта бошед, пеш аз ҳама маърифати молиявии худро баланд бардоред. Дар семинару тренингҳое, ки ба рушди соҳибкорӣ ва саводнокии молиявӣ равона шудаанд, иштирок намуда, алифбои соҳибкориро омӯзед.
2. Доир ба ташкилотҳои миллӣ ва хориҷие, ки ба дастгирии соҳибкории занон машғуланд, маълумот дастрас намуда, ба онҳо бо ғояҳои нав муроҷиат намоянд. Лоиҳаҳои хуб ҳатман дастгирӣ меёбанд.
3. Бо соҳибкории истеҳсолӣ, истеъмолӣ ё маишӣ машғул шудан хоҳед, қабл аз оғози кор талаботи бозорро омӯзед.
4. Фаромӯш накунед, ки сифати хуби маҳсулот ва хизматрасонӣ барои пешравии кор шарти аз ҳама муҳимтарин аст.
5. Асрори пешравӣ ва муваффақиятҳои рақибони худро омӯзед ва кӯшиш кунед, ки аз онҳо пеш гузаред. Хатогиҳои рақибонатонро такрор накунед.
6. Фаромӯш накунед, ки соҳибкорӣ душвориҳои худро дорад, агар кореро оғоз намуда, дар оғози фаъолияти соҳибкоратон чандон муваффақ нашудед, рӯҳафтода нашуда, талоши худро идома диҳед. Бо мурури замон шумо роҳу равиши корро ёд гирифта, таҷриба меандӯзед ва албатта муваффақ мешавед.
7. Фаъолияти бонкҳоро омӯзед ва дар бораи қарзҳое, ки бонкҳо барои рушди соҳибкорӣ пешниҳод менамоянд, маълумот ҷамъоварӣ намоед. Баъзе бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ барои рушди соҳибкории занон барномаҳои хеле хубро пешниҳод менамоянд. Аз онҳо истифода баред. Пеш аз он ки аз ягон бонк барои соҳибкорӣ қарз мегиред, бо шартҳои пешниҳодкардаи бонк шинос шавед.
8. Пули бо мақсади соҳибкорӣ аз бонк гирифта ё ҷамъкардаи худро ба корҳои дигар сарф накунед. Вақте даромад ба даст овардед, маблағи ба даст омадаро ба чор тараф пош надода, кӯшиш кунед, ки тиҷорати худро васеътар созед.