new banner new years
8 фоидаи шарбати мева ва сабзавот ба саломатии инсон
12.12.2024
ОИЛА.ТҶ
275

Шарбати себ

«Халта»-и пур аз витаминҳо холестеринро коҳиш медиҳад, вазни баданро ба эътидол меорад. Дар таркиби он моддаҳои мустаҳкамкунандаи устухонҳо низ мавҷуданд.

Шарбати шафтолу

Моеи зиёдатӣ ва токсинҳоро аз бадан хориҷ мекунад, дилро мустаҳкам мекунад. Ба бадан лаззат мебахшад.

Шарбати тарбуз

Гурдаҳоро мешӯяд, варамро рафъ мекунад, рагҳоро қавӣ мегардонад, тароват мебахшад.

Шарбати харбуза

Эҳсоси яъсу ноумедиро аз инсон дур сохта, сангҳои гурда ва пешобро нест мекунад, сатҳи гемоглобинро баланд мебардорад. Аммо он набояд бо дигар маҳсулот омехта карда шавад.

Шарбати ангур

Ба ҷигар кумак намуда, шушҳоро пок ва аз шамолхӯрӣ муҳофизат мекунад. Он дар муолиҷаи камхунӣ, нарасидани неру ва гузариши сангҳои заҳра мусоидат мекунад.

Шарбати нок

Иммунитетро баланд мебардорад, бо депрессия мубориза мебарад, системаи дилу рагҳоро мустаҳкам мекунад.

Шарбати афлесун

Ҳангоми норасоии витамини С, кам шудани нури чашм, зиёд шудани радиатсияи радиоактивӣ бинӯшед. Он инчунин кайфиятро баланд мекунад.

Шарбати лимӯ

Заҳру ифлосиҳоро аз бадан хориҷ мекунад, энергияро афзун ва ҷигарро тоза мекунад. Иммунитетро мустаҳкам месозад ва шиддатнокии асабро коҳиш медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД