toyota motors
7 роҳи пешгирии аллергия дар фасли баҳор
18.04.2026
Oila.tj
29

Ҳамасола бо фарорасии фасли баҳор дар минтақаҳои боду ҳавояшон муътадил садҳо одамон аз аллергия азият мекашанд. Сурхшавии чашмон, рафтани обу чашму оби бинӣ ва тез-тез атса задану сулфа кардан нишонаҳои асосии аллергияи мавсимӣ мебошанд, ки сабаби асосии он гардолудшавии гули дарахтон аст. Шамол зарраҳои хурди гардолудшудаи гулҳои дарахтон ва алафҳои ҳархеларо ба фазо паҳн мекунад ва ин заррачаҳо ҳангоми нафаскашӣ ба организми инсон ворид шуда, аксуламалро ба вуҷуд меоранд.

Чаро аллергия ҳар сол барвақттар оғоз меёбад?

Ба назаратон чунин мерасад, ки аллергия ҳар сол нисбат ба соли пешин барвақттар оғоз ёфта, дарозтар тӯл мекашад?

Ин танҳо тасаввуроти шумо нест. Олимон сабаби асосии дароз шудани мавсими аллергияро дар тағйирёбии иқлим маънидод менамоянд. Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки болоравии глобалии ҳарорати ҳаво дар сайёраи Замин боиси афзоиши растаниҳо ва гулҳо гашта, сол то сол мавсими гардолудшавӣ барвақттар сар мешавад ва бо сабаби гармии ҳаво ин раванд хеле тӯл кашида, боиси аксуламалҳои аллергӣ мегардад. Ба ғайр аз тағирёбии иқлим, боз як омили дигере низ ҳаст, ки боиси торафт зиёд шудани шумораи гирифторони аллергия гаштааст ва ин афзоиши партовҳои гази карбон мебошад, ки дар фазо паҳн шуда, ҷисми инсон ба он аксуламал нишон медиҳад.

Тибқи як пажӯҳиш, ки олимон дар ИМА гузаронидаанд, чангу ғубор 200% зиёд мешавад, агар партовҳои CO2 аз манбаъҳои гуногун, аз қабили мошинҳо ва нерӯгоҳҳои барқӣ ҳамчунон баланд боқӣ монанд. Дар ин сурат мавсими гардолудшавӣ ва аллергия метавонад як моҳ пештар сар шуда, 19 рӯз дарозтар шавад. Ба ибораи дигар бигӯем, вақти он расидааст, ки ба қадри имкон омода бошед, зеро ҳамасола мавсими гардолудшавии гулҳои дарахтон ва алафҳои баҳорӣ барвақттар сар шуда, дарозтар давом мекунад.

Барои эмин мондан аз аллергия чӣ бояд кард?

Инак, 7 маслиҳати муфидро барои пешгирии аллергия манзуратон месозем.

1. Хонаатонро тоза нигоҳ доред! Барои пешгирии аллергия пеш аз ҳама хонаро тозаву озода нигоҳ доштан лозим аст. Чангу ғубори ҷамъшуда боиси сар задани аллергия мегарданд, бинобар ин, хонаро бо ҷорӯби оддӣ нарӯфта, қолину палоси худро ҳатман бо чангкашак тоза кунед. Мебелҳоро бо матоъи намнок пок кардан лозим аст, то чангашон тоза шавад. Барои халосӣ аз аллергенҳои ба қабати қолинҳо ҷойгиршуда дар ҳар шаш моҳ як маротиба қолинҳоро барои шустан ба корхонаҳои махсуси қолиншӯӣ бурдан лозим аст.

2. Бехабар намонед. Донистани он, ки сатҳи чангу ғубор дар ҳаво чӣ қадар аст, ба шумо дар пешгирии аллергия ёрӣ мерасонад. Манбаъҳои сершумори онлайнӣ мавҷуданд, ки метавонанд дар бораи миқдори чангу ғубор дар фазо маълумоти дақиқ пешниҳод намуда, ҳамзамон дар бораи роҳҳои пешгирии аллергия маълумот диҳанд. Дар бархе аз ин манбаъҳо ҳатто дар бораи он ки маҳз кадом навъи аллергенҳо дар фазо паҳн гаштаанд, маълумот медиҳанд.

3. Ниқоб пӯшед. Дар рӯзҳое, ки дар фазо чангу ғубор ва гарди гулҳо хеле зиёд мешавад, ҳатман ниқоб пӯшидан лозим аст. Ниқоб имкон намедиҳад, ки чангу ғубор ва гарди гулҳо ба димоғатон рафта, аллергияро ба вуҷуд орад.

4. Ҳар рӯз оббозӣ кунед. Ҳар рӯз оббозӣ кунед. Оббозӣ гарду чангу ғубори дар мӯйҳо ва пӯсти шумо нишастаро мешӯяд ва аллергияро пешгирӣ менамояд.

5. Намнокии ҳаворо чен кунед. Рутубати зиёд, ки аксар вақт дар фасли баҳор рух медиҳад, метавонад муҳити беҳтаринро барои мағор ба вуҷуд орад, бинобар ин, ҳатман дар хона шумо бояд гигрометри оддӣ дошта бошед, ки барои муайян кардани сатҳи намӣ истифода мешавад. Сатҳи тавсияшудаи намӣ дар хона 30-50 фоизро ташкил медиҳад; сатҳи аз ин баландтар метавонад ба афзоиши спораҳои мағор мусоидат кунад.

6. Робитаи аллергия аз ғизо бо аллергия аз ҳаво. Ҳолатҳое мешаванд, ки аллергияи баҳорӣ бевосита ба аллергия аз ғизо алоқамандӣ дорад. Аломатҳоиасосии ин навъи аллергия хориши ковокии даҳон ва гулӯ, варами лабҳо ва забон мебошад. Диққат диҳед, агар дар бадани шумо баъди хӯрдани себ, шафтолу, гелос, киви, сабзӣ ва чормағзу бодом аллергия пайдо шавда, бидонед, ки гул кардани ин дарахтон низ метавонад боисии аллергия гардад.

7. Ҳавои манзилатонро тоза кунед. Хоҳед, ки аз аллергия дар амон монед, ҳавои манзилатонро ҳатман тоза кунед. Имрӯзҳо намудҳои гуногуни ҳавотазакунакҳои босифате мавҷуданд, ки хонаро аз чангу ғубор тоза карда, пайдо шудани мағор ва сар задани аллергияро пешгирӣ менамоянд. Махсусан дар фасли баҳор, ки айёми хуруҷи аллергия мебошад, ҳатман аз ҳавотозакунак истифода бурдан лозим аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД