Салом! Дирӯз дар сомонаи Oila.tj маводеро хонда будам, ки дар он дар бораи ғизои кӯдаки ба бемории дарунрав гирифторшуда сухан мерафт. Ташаккур, ки ба мо-модарон дар давраи беморӣ ба кӯдак чиҳо доданро фаҳмондед, вале ман мехоҳам фаҳмам, ки кадом хӯрданиҳо ба кӯдакони ба диарея гирифторшуда зарар доранд. Ҳангоми беморӣ кӯдак бояд аз чиҳо парҳез кунад?
МАНЗУРАХОН, аз ноҳияи Рӯдакӣ
Посух:
- Хоҳари азиз! Ба кӯдаке, ки ба шикамрав гирифтор шудааст, додани ин чизҳо манъ аст:
Нони ҷав, макарон, шӯрбои серравған, моҳии сурхи серравған, тухмбирён ва тухми дар об ҷӯшонидашуда, маҳсулоти ширӣ, йогурт, сабзавоти хом, шавлаи гандумӣ ва перловка, шириниҳо аз ҷумла шоколад ва торт, шарбатҳои мевагӣ (сок), қаҳва, какао, меваҳои ситрусӣ аз қабили апелсин ва мандарин.
Ба кӯдаки бемор кай ва чӣ қадар бояд хӯрок дод?
Аслан реҷаи ғизохӯрии кӯдакро дар давраи беморӣ табиби кӯдакона муайян мекунад, вале баъзе маслиҳатҳои муфиде ҳастанд, ки ҳатман бояд ба назар гирифта шаванд:
1. Майлу хоҳиши кӯдакро бояд ба назар гирифт. Фарзандатон хӯрок хӯрдан нахоҳад, ҳаргиз ӯро маҷбур накунед, зеро ин амал метавонад боиси қай кардани кӯдак гашта, ҳолашро бадтар созад.
2. Дар рӯзи аввали беморӣ ба кӯдак хеле кам хӯрок дода, бештар об нӯшонед.
3. Биринҷи ҷӯшонидашуда ҳангоми шикамрав хеле фоидабахш мебошад. Рӯзи аввал онро кам-кам дода, минбаъд миқдорашро оҳиста-оҳиста бештар созед.
4. Аз рӯзи дуюми беморӣ метавонед кам-кам хӯрокҳоеро, ки хӯрданашон зарар надорад, ба фарзандатон додан гиред. Ғизое, ки кӯдак истеъмол мекунад, бояд ба синну солаш мувофиқат намояд.
5. Ба кӯдаки шикамрав шуда ҳарчӣ бештар об додан лозим аст, то ки организми тифл ба мушкилоти беобгӣ гирифтор нашавад.
6. Ба кӯдаки шикамрав оби намакдошта (регидрон) ва шарбати хуч диҳед.
Фаромӯш насозед, ки баъди ҳар дафъаи шикамаш рафтан кӯдак бояд ҳатман оби ҷӯшидагӣ нӯшад.