7 ноболиғи тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
Ҳафт шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистон, ки дар қаламрави Русия бе сарпараст монда буданд, рӯзи 18 -уми октябри соли 2026 ба Ватан баргардонида шуданд. Дар ин бора Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, бозгардонии кӯдакон дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори ду кишвар ва дар доираи созишномаи байни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) сурат гирифтааст.
Дар ин раванд Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Русия ва Раёсати пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иштирок доштаанд.
Ҳадафи ин иқдом ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, таъмини амнияти онҳо ва фароҳам овардани шароити муносиб барои зиндагӣ дар Ватан арзёбӣ мешавад.
Бо вуҷуди ин, мақомоти масъул то ҳол сабабҳои бепарастор мондани ин ҳафт ноболиғи тоҷик дар Русия ва муддати дар ин ҳолат қарор доштани онҳоро шарҳ надодаанд.
Масъалаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдакони тоҷик дар хориҷи кишвар ва бозгардонии онҳо ба Ватан аз ҷумлаи самтҳои муҳими ҳамкории мақомоти Тоҷикистон бо кишварҳои дигар ба шумор меравад.