Дар аҳодиси муборака омадааст, ки ҳазрати Мӯсо (а) ба Аллоҳ Таъоло арз намуд:-Парвардигоро, ман чӣ гуна маълум карда метавонам бандагонеро, ки ту бар онон ғазаб мекунӣ ва он бандагонеро ба онҳо муҳаббат менамоӣ?
Худованд (ҷ) ба ӯ фармуд:-Эй Мӯсо, ҳар гоҳ ман бо кадом бандаи худ муҳаббат намоям, дар вай ду аломатро зоҳир месозам.
Мӯсо (а) пурсид:-Парвардигоро, он кадом аст?
Худованд (ҷ) фармуд:-Бо бандае, ки муҳаббат додам, барояш зикр намуданро илҳом мекунам. Барои ин ки ба воситаи зикр вайро миёни махлуқи замину осмон ёд намоям. Дуюм ин ки ӯро аз амалҳои ҳаром ва қаҳрӣ нигоҳ медорам то ки мустаҳиқи азоби ман нагардад. Эй Мӯсо (а), ҳар гоҳ бо бандае ғазаб кунам, дар вай низ ду аломатро зоҳир мегардонам.
Мӯсо (а) пурсид:-Он кадом аст?
Худованд (ҷ) фармуд:-Чун ба бандае буғз намудам, якум зикри худро аз вай фаромӯш месозам. Дуюм, нафсро бар вай ғолиб мегардонам. Он гоҳ дар ҳаром воқеъ мегардаду сазовори азоб мешавад.
Ҳазрати Алӣ (р) мефармояд: «Ҳар гоҳ банда Худовандро ёд намояд, Аллоҳ Таъоло низ вайро бо мағфирату бахшиш ёд мекунад».
Шайх Абулайси Самарқандӣ (р) мефармояд, ки ҳар касе ҳафт калимаро ҳифз намояд, пас вай назди Худованди Карим ва фариштаҳо шариф навишта мешавад, Худованд гуноҳони вайро афв хоҳад намуд ва лаззати бандагиро ҳис хоҳад кард. Он калимаҳо қарори зайланд:
1.Дар оғози ҳар кори нек «Бисмиллоҳ» гуфтан.
2.Дар охири ҳар чизи «Алҳамдулиллоҳ» гуфтан.
3.Ҳар гоҳ аз вай гуфтору кирдори хатое сар занад, «Астағфируллоҳ» гуфтан.
4.Ҳар гоҳ иродаи кореро намояд «Иншоаллоҳ» гуфтан.
5. Вақте бо кори баду ногаҳонӣ рӯ ба рӯ ояд «Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳил ъалиюл ъазим»-гӯяд.
6.Ҳар гоҳ барояш мусибати молию ҷонӣ пеш ояд, «Инно лилоҳи ва инно илайҳи роҷиъун».
7.Шабу рӯз бар забонаш калимаи «Ло илоҳа иллалоҳ» ҷорӣ бошад.