Аз 5-уми феврали соли 2025 дар Федератсияи Россия қонунҳои нави муҳоҷиратӣ ба амал даромаданд. Ин қонунҳо будубоши муҳоҷирон, махсусан он шаҳрвандони моро дар ин кишвар ғайриқонунӣ кору зиндагӣ мекунанд, душвор мегардонанд. Дар ҳолати риоя накардани қонунҳои мазкур муҳоҷирон ба реестри шахсони назоратшаванда ворид карда мешаванд.
Киҳо хориҷ карда мешаванд?
Нафароне, ки ғайриқонунӣ дар Россия кору фаъолият доранд, инчунин будубош доранд, ба реестри шахсони идорашавандаи аз ҷониби Вазорати корҳои дохилаи Фередарсияи Россия таҳияшуда, ҷойгир карда мешаванд. Ба ин реестр нафарони зерин дохил мегарданд:
1. Шаҳрвандони хориҷие, ки мӯҳлати будубоши муваққатӣ, ё иҷозатномаи будубоши муваққатиашон пас аз як рӯзи баровардани қарори мазкур тамом шудааст.
2. Шахсоне, ки ғайриқонунӣ марзи ФР-ро убур кардаанд. Аз рӯзи баровардани қарори мазкур.
3. Шахсоне, ки ҳуҷҷатҳояшон лағв (рад) карда шудааст (раводид, иҷозатномаи будубоши муваққатӣ ва ғр). Аз рӯзи лағв (рад) шудан.
4. Шахсоне, ки аз ҳуҳуди ФР, аз рӯзи баровардани қарори ВКД, ё суд берун, ё хориҷ карда шудаанд.
5. Шахсоне, ки будубошашон дар ФР аз рӯзи қарор қабулшуда номатлуб ба шумор меравад.
6. Шахсоне, ки шаҳрвандии ФР-ро аз даст додаанд ва асоси қонунии будубошро дар ин кишвар надоранд. Аз рӯзи қабули қарор.
7. Шаҳрвандоне, ки дар ҳудуди ФР ҷиноят содир кардаанд. Аз замони ба амал баромадани ҳукми айбдоршавӣ.