Дар Душанбе нахустин ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон дар соли 2024 баргузор гардид, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар ҷаласа ҳисоботи директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоқурбонов дар бораи марҳилаи якуми литсензиякунонии бошгоҳҳо садо дод. Ба баёни маърӯзачӣ маълум шуд, ки якбора ду даста – «Куктош» ва «Файзканд» ба мушкилоти ҷиддии молиявӣ дучор гашта, иштироки онҳо дар мавсими нави чемпионати Тоҷикистон номаълум аст.
Дар Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон масъалаи лимити иштироки бозигарони хориҷӣ дар чемпионати Тоҷикистон матраҳ шуд. Мисли соли гузашта дар мавсими нав ҳар як бошгоҳи Лигаи олӣ метавонад ба рӯйхаташ ҳадди аксар ҳафт бозигари хориҷӣ ворид намояд. Аммо бар асоси қарори нави Кумитаи иҷроияи федератсия дар дархости бозӣ шумораи бозигарони хориҷӣ маҳдуд намешавад – акнун ҳамаи ҳафт футболбози хориҷӣ метавонанд дар як вақт дар майдон бошанд.
Шоҳрух Саидзода, аъзои Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон, раиси Шурои бошгоҳи «Истиқлол» пешниҳод намуд, ки мақоми Ҷоми Тоҷикистон имсол боло бурда, фонди ҷоизавии калонтар барои Ҷоми мамлакат таъсис дода шавад.