Сабоҳат фарзанди калонии хонадони холаи Азизбегим аст. Ӯ аз ҷумлаи он духтаронест, ки дар ин айёми ширинии ҳаёт аз зинлагӣ даст шуста, ҳам падар ва ҳам модарашро аз даст додааст.
Руҳаш шикаста ва қалбаш моломоли ғаму андӯҳ аст. Оилаи онҳо дар яке аз деҳаҳои дурдасти гноҳияи дурдасти Рашт умр ба сар мебурданд. Падараш тамоми бори гарони оиларо бар дӯш гирифта, зиндагиашонро серу пур мегузаронд. Модараш низ дар ҳар як пастию баландии зиндагӣ шавҳарашро дастгирӣ намуда, якҷоя бо фарзандон шаҳди зиндагиро мечашиданд.
Дар ин оилаи хушбахт тифлакон пайи ҳам ба дунё омада, хушбахтиро дучанд мегардониданд. Се духтару се писар, ки аз якдигар як ё дусолӣ дар син фарқ доштанд, рӯз то рӯз ба воя мерасиданду оила боз умедвори тифли дигар буд. Муаассифона, қабла аз шунидани шарфаи пои меҳмони навбатӣ фалаки каҷрафтор остонаи мустаҳками ин оиларо шикаста, дохили хушиҳои он гардид. Марди хонадон аз беморин бармаҳал вафот карду хушбахтиҳоро ҳамроҳаш ба зери хок бурд.
Баъди чанд моҳ ҳамсари мард писар таваллуд кард. Писар чун себи дукафон ба падар монанд буд. Холаи Азизбегим ба писараш Нишон ном гузошт, зеро ӯ баъди вафоти шавҳараш чун нишонае ба дунё омада буд. Рӯз то рӯз тифлак ба воя мерасиду ин хонаи сардгаштаро бо хандаю шӯхиҳои кӯдаконааш гарм мекард. Ҳамин тавр холаи Азизбегим тамоми бори гарони зиндагиро бар дӯш гирифта, фарзандонашро ба воя мерасонид. Осон набуд дар шароити деҳот ҳафт фарзандро хӯрондану пӯшондан. Аз ин рӯ, ба ин ҳама мушкилоти рӯзгор тоб наоварда, холаи Азизбегим баъди ду соли вафоти шавҳараш аз дунё чашм пӯшид. Акнун фарзандонеро, ки аз меҳри падар маҳрум шуда буданд, меҳри модар низ тарк кард ...
Дубора руҳи кӯдакон шикаста гардид ва онҳо дигар дамдузду оодамгурез шуда, дар кӯчаҳо сарсону овора гашта монданд.
Имрӯз Сабоҳат духтари қадрасу зебо шуда бошад ҳам вале кор карда, додару хоҳаронашро зери қаноти худ гирифт ва бори гарони зиндагиро акнун хзудаш пеш мебарад. Сарнавишти талхи Сабоҳат ва додаронаш дили санги хороро об мекунад. “Оила”-и азиз! Хоҳишу илтиҷоям аз шумо ҳамин аст, ки ба ноҳияи Рашт омада, аз рӯзгори онҳо барномаи ҷолиби таҳияи тамошобин намоед, зеро ҳайёти талху сангинашон дили касро об мегардонад.
Мафтуна, аз н. Рашт