formula feb 2025
7 давои халқӣ барои халосӣ аз зуком
01.02.2025
Oila.tj
245

Маъмулан, ҳангоми баланду паст шудани ҳарорати ҳаво дар фасли зимистон одамон тез-тез шамол кашида, ба зуком гирифтор мешаванд. Имрӯз, мо дар боби давоҳои халқӣ маълумот медиҳем, ки барои аз шамолкашӣ раҳоӣ ёфтан ёрӣ мерасонанд.   

  1. Ҳангоми зуком нӯшидани асалчой бо лимӯ хеле муфид мебошад. Лимӯ антибиотики беҳтарин буда, пӯсти он равғанҳои эфир зиёд дорад, дар мубориза бо вирусҳо ёрӣ мерасонад. Асал бошад, дар мубориза бо шамолкашӣ таъсири хеле қавӣ дорад. Нӯшидани асалҷой ба шахси зукомшуда қуввату дармон бахшида, масъунияти баданро мустаҳкам гардонида,  вараму балғамҳоро шифо медиҳад.
  2. Ҳангоми ба зуком гирифтор шудан мураббои олуча, марминҷон ва қулфинай ҳам, бисёр фоиданок аст. Махсусан, мураббои марминҷон барои осон бартараф кардани гулӯдард ва варами роҳҳои нафас хеле муфид аст. 
  3. Зуком шуда бошед, пеш аз хоб пойҳоятонро ақалан 15-20 дақиқа дар оби гарм бо бобуна (ромашка)  нигоҳ доред. Инчунин, нӯшидани бобуначой ҳам гулӯдардиро бартараф мекунад, ҳам ба варами шикаму ланҷии бадан фоида дорад.
  4. Ҳангоми зуком ба бинӣ ва чаккаҳои саратон малҳами “Золотая звезда” молед. Малҳами “Ситораи тиллоӣ” таъсири қавӣ мерасонад, зеро дар таркибаш равғанҳои эфирӣ ба мисоли эвкалипт, левоментол, кофур (камфора), равғани пудинаи саҳроӣ, равғани қаланфур (гвоздика) равғани хардали чинӣ (китайская горчица) дорад. Ин малҳамро аз тамоми дорухонаҳои ҷумҳурӣ пайдо ва дастрас карда метавонед.
  5. Ба шахсоне, ки ба зуком гирифтор гаштаанд, нӯшидани оби хуч тавсия дода мешавад. Хуч, ки бештар бо номи русии “шиповник” дар байни мардум машҳур мебошад, аз витамини С бой буда, барои мубориза бо ҳама гуна бемориҳо, аз ҷумла зуком ёрӣ мерасонад. 
  6. Ҳангоми гирифтор шудан ба зуком биниатонро бо намакоб шӯйед, ҳамчунин бо намакоб гулӯро ғарғара намоед. Барои нест кардани микробҳо ва бартараф кардани варами димоғ ва гулӯ, инчунин роҳҳои нафас ва шуш хеле таъсири олиҷаноб дорад.  

7. Дуди сипанд низ дар мубориза бо зуком ва шамолхӯрӣ давои хуб нишон додааст. Ҳазориспанд, ё сипандро дуд карда, нафас кашидан ва хонаро дуд кардан микробу вирусҳоро нест мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД