Дар нуқтаҳои фурӯши дискҳо филмҳои ошиқӣ хеле зиёданд. Аксарият вақти тамошо кардани чунин филмҳо мегӯянд: «Ин дурӯғ аст. Дар зиндагӣ муҳаббати ҳақиқӣ вуҷуд надорад. Ишқ танҳо дар кинову афсонаҳо ҳаст…» Ман ҳам ҳамин гуна фикр мекардам, то даме, ки аз модарам таърихи муҳаббати бобову бибиямро шунидам. Нақли модарамро гӯш карда бо азоб аз гиря худдорӣ намудам. Бобою бибиам зану шавҳари муқаррарӣ буданд, лекин меҳрубониашонро дида беихтиёр кас фикр мекард, ки онҳо Лайлӣ ва Маҷнуни навин ҳастанд.
Соли 1952 бобоям Камолов Абдуҷалол дар кишвари Краснодари Иттифоқи Советии онвақта хизмат мекарданд. Онҳо ба сохтмончиён дар барқарор кардани шаҳр, баъд аз ҷанг ёрӣ мерасониданд. Дар байни сохтмончиён бобоям духтараки зебои 21-солаи чашмони мешӣ ва мӯйҳои сиёҳи ғафс доштаро дида ошиқи шайдо мешавад. Матрёна ҳам дидан замон Абдуҷалолро меписанданд. Ҳамин тавр онҳо бо ҳамдигар шинос мешаванду баъди чанд ҳафта бибиям мегӯяд:
-Ман бо ту меравам. Намехоҳам, ки баъди хизмат мо аз ҳамдигар ҷудо шавем!
Онҳо ба Тоҷикистон, ба деҳаи Хистеварз меоянд. Бобоям камбағал буда, ғайри як қолину ду-се кӯрпача дигар чизе надоштааст.
-Ту шароити маро бо чашми худат дидӣ. Мебинӣ, ки ман дар чи аҳвол зиндагӣ дорам?! Ҳоло ҳам дер нашудааст, беҳтараш гашта ба ватанат рав. Ман туро хушбахт карда наметавонам,- мегӯяд бобоям, лекин бибиям ҷавоб медиҳад:
-Ман туро ягон вақт тарк намекунам. Мо аз ҳамдигар ҷудо намешавем. Ҳардуямон кор мекунем, оҳиста-оҳиста ҳамааш хуб мешавад…»
Онҳо дар ду- се ҷои кор боғайрат меҳнат карда, зиндагиашонро рӯз то рӯз беҳтар месозанд. Дар заводи консервабарории деҳаи Хистеварз бобо ва бибиямро ҳамчун меҳнаткашони бузург мешиносанд. Онҳо сазовори Ордени «Зарбдори панҷсолаи 8-ум ва 9-ум» гардидаанд. Номҳояшон дар китоби Усмонҷон Ғаффоров «Хистеварз» дарҷ шудааст.
Бобоям бенасл буданд. Модарам ба он кас духтар не, ҷиян ҳисоб мешаванд. Диагнози табибонро шунида бобоям ба бибиям гуфтаанд:
-Бо ман ту имконияти фарзанддор шуданро надорӣ, барои ҳамин, дер нашуда рав. Бо ягон каси дигар шояд хушбахт мешавӣ.
Бибиям боз ҳамон гапашонро такрор кардаанд:
-Ман туро ягон вақт тарк намекунам! Мо аз ҳамдигар ҷудо намешавем. Оё аз муҳаббат гурехта мешавад?!
Ҳар субҳи онҳо бо калимаҳои «ман туро дӯст медорам» оғоз меёфт. Онҳо якдигарро «азизам», «ҷонам» гуфта фарёд мекарданд. Ба пириашон нигоҳ накарда, бибиям барои хурсанд гардонидани бобоям, соатҳо дар ошхона бо пухтупаз машғул мешуданд. Бобоям аз кор дер оянд, бибиям ба наздашон мерафтанд. Бобоям мегуфтанд: «Ту зани ман не, думи ман ҳастӣ!».
Рӯзе бобоям сахт бемор шуда ба беморхона афтиданд. Бибиям танҳо 3-4 рӯз бобоямро надида бошанд ҳам, дар беморхона ҳардуяшон чунон гиря карда, ҳамоғӯш шуданд, ки гӯё солҳо аз якдигар ҷудо шуда бошанд. Ҳамаи беморони дар палата буда ба ҳайрат афтоданд. Онҳо мегуфтанд: «Наход чунин муҳаббат дар ҳақиқат вуҷуд дошта бошад?!»
19 январи соли 2011 бибиям ба бемории фалаҷ гирифтор шуданд. Як соли дароз бобоям бибиямро нигоҳубин карда, ҳамаи нозу нузашро мебардоштанд. Дар ҳамин ҳолат ҳам ҳар саҳар «ман туро дӯст медорам» гуфтанро давом медоданд. Пас аз як сол бибиям аз олам чашм пӯшиданд. Дар ёд дорам, бобоям дар вақти ҷаноза дод зада мегуфтанд: «Ту ваъда дода будӣ, ки маро тарк намекунӣ, мегуфтӣ, ки мо ҳеҷ вақт аз ҳамдигар ҷудо намешавем. Мо 61 сол якҷоя зиндагӣ кардем, лекин ин солҳо чун як рӯз гузашта рафтанд. Ман бо ин як рӯз сер нашудаам. Ман сер нестам!»
Баъд аз вафоти бибиям бобоям дар давоми ду сол ҳар субҳ соати 4 ё 5 аз хоб бархоста дар ҳаққи раҳматии бибиям Қуръон мехонданд. Он кас ҳатто дар рӯзи аз дунё гузаштанашон низ субҳи барвақт ин корашонро карданд.
23 ноябри соли 2014 бобоям ин дунёро тарк гуфтанд. Калимаҳои охирини ин Маҷнуни сонӣ чунин буд: «Занакҷон, ман омадам, чой тайёр-мӣ?!» Ман намедонам онҳо ҳоло дар куҷоянд, лекин аниқ медонам, ки дигар ҳеҷ гоҳ аз ҳамдигар ҷудо намешаванд!